Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ошӯбгарон мунҷар ба ҳалокати ҳафт низомӣ шуд


Бар асари ҳамлаи ошӯбгарон ба як мавзеъи ҳаммарз бо Афғонистони Вазиристони шимолӣ ҳафт низомии покистонӣ кушта ва 16 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора низомиёни воломақоми Покистон хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин ҳамлаи ошӯбгарон ба низомиён дар моҳҳои ахир аст. Дар ҳамин минтақа, дар рустои Миралӣ, ҳамчунин ҷасади чаҳор сокини маҳаллӣ ошкор гардид, ки мухолифини ҳукумат онҳоро дар ҳамкорӣ бо хадамоти кашфи ИМА айбдор мекарданд.
Артиши Покистон моҳҳои ахир дар манотиқи марзӣ чанд амалиёти вижа доир намуд ва аммо, бо вуҷуди ин, дастаҳои “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумат дар Вазиристони шимолӣ даст аз муқовимат набардоштаанд.
XS
SM
MD
LG