Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев: Пойгоҳи Амрико Русияро нороҳат мекард


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон гуфтааст, мақомоти сиёсии Русия аз ҳузури пойгоҳи низомии ИМА дар Қирғизистон нороҳату ниграон буданд ва ин омил дар таҳаввулоти ахир нақш бозидааст.

Раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон ҳамчунин гуфт, ки раҳбарони Русия Дмитрий Медведев ва Владимир Путин сиёсати хориҷии мустақилони Бишкекро хуш надоштанд ва аз ҷумла, мустақаршавии пойгоҳи низомии Амрико онҳоро хашмгин карда буд.

Оқои Боқиев афзуд: "Бояд рӯирост гуфт, ки мақомоти Русия ба ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Қирғизистон мувофиқ набуданд ва ин пойгоҳ онҳоро хашмгин карда буд. Ва ин омил ҳам нақши муайян бозид".

"Ҳукумати муваққат шарти истеъфоро иҷро накард"

Боқиев мегӯяд, номаи истеъфои вай эътибор надорад, зеро ҳукумати муваққат ваъдаи худро дар бораи ҳифзи аъзои хонавода ва хешовандони вай иҷро накардааст.

Боқиев гуфт: "Ман истеъфои худро эътироф намекунам, зеро ҷониби дигар шартҳои истеъфоро иҷро намекунад. Вале ин ба он маъно нест, ки ман истеъфои худро қабул надорам ва пагоҳ чун раиси ҷумҳур ба Қирғизистон бармегардам. На, ман ҳоло мехоҳам бори дигар барои ҳама рӯшан кунам. Ман пофишорӣ надорам, ки чун президент мехоҳам ба Қирғизистон бармегардам".

Қурмонбек Боқиев ба рӯзноманигорон гуфт, вай интизор набуд, ки дар Қирғизистон тазоҳуроти эътирозӣ баргузор ва боиси барканории вай аз мақомаш мешавад.

Ӯ афзуд: "Ҳеҷ нишонае аз вазъи инқилобӣ мушоҳида намешуд. Мо ба тазоҳурот одат карда будем. Мухолифон зуд-зуд тазоҳурот созмон медоданд. Ман дар номаи истеъфои худ навиштам, ки 7-ӯми апрел давлат дар Қирғизистон сарнагун шуд".

Дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа дар Минск Боқиев талош дошт барои боло рафтани нархҳо ва арзиши баъзе хадамот дар кишвараш Русияро муттаҳам кунад.

Боқиев гуфт, ки тасмими вай дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар пойгоҳи ҳавоии Манаси Қирғизистон ба Русия "хуш наомад". Ба гуфтаи Боқиев, "ононе, ки ба вай наздиканд, ҳоло дар Ҷалолобод таъқибу таҳқир мешаванд, гарчӣ қавл дода шуда буданд, ки ба хешовандони вай фишор намеоранд.

Баъзе хабаргузороиҳо мегӯянд, ки аз рӯзи чаҳоршанбе ба ин сӯ, яъне аз 21-ӯми апрел Аҳмад, бародари Қурмонбек Боқиев ғайб задааст.

Бино ба гузоришҳои расида аз Қирғизистон, бисёре аз мардум аз ин хабар интиқод кардаанд ва гуфтаанд, ки нируҳое бо пахши ин хабар мехоҳанд эътибори ҳукумати муваққатро поин бибаранд.

Нуктаи дигар ин аст, ки ҳоло мақомоти ҳукумати муҳаққат истисно намедонанд, ки мумкин аст дар оянда бихоҳанд, то Қурмонбек Боқиев ба Қирғизистон истирдод шавад ва барои кушторҳои 7-ӯми апрел ҷавоб гӯяд.

Боқиев чанд зан дошт?

Ҳоло дар миёни мардум баъзе дархостҳо низ ба гӯш мерасад. Мардум тақозо мекунанд, ки вай барои бисёрзанӣ ба додгоҳ кашонда шавад.

Мегӯянд, ки Боқиев бо зани дуввум ва дӯ кӯдаке, ки аз вай дошт, фирор кардааст.

Ҳамон зане, ки ба қавле аз мардум махфӣ буд ва аз вай як писару як духтари хурдсол дорад. Аслан Боқиев ба таври расмӣ бо Татяна Боқиева издивоҷ кардааст ва вай гаҳ гоҳе дар чашми мардум чун хонуми раиси ҷумҳур дар паҳлӯи вай пайдо мешуд.

Аз Татяна ду писар дорад, Марат ва Максим. Вале маҳалли иқомати Татяна ва ҳамин ду писараш маълум нест.

"Бозичаҳои кӯдакона"-и Боқиев

Вале дар мусоҳибаи ҳафтаи гузаштаи худ бо "Рашшин магазин" гуфта буд, ки вай ба зиндагӣ дар яке аз кишварҳои мустақили ҳамсуд бартарӣ медиҳад. Шояд ӯ ҳамин Белорусро дар назар дорад.

Боқиев дар бораи кори эҳтимолии ояндааш гуфт, ки дӯст дорад, то бо корҳои тавлидотӣ машғул шавад, аз қабили дуруст кардани "бозичаҳои кӯдакона".

Таърихчаи фирор

Қурмонбек Боқиев баъди ҳашт рӯзи нооромҳои Қирғизистон ва барканор шуданаш аз мақмои раёсати ҷумҳурӣ ба ҷануби Қазоқистон рафта буд.

Ӯ дар пайи ҳаводиси 7 ва 8 -уми апрел дар Бишкек ба ҷануби Қирғизистон рафт ва талош намуд ҳаракати ҷонибдоронашро роҳандозӣ кунад. Аммо баъдтар, дар поёни ҳафтаи гузашта, бо миёнҷигарии Қазоқистон, ки раёсати САҲА-ро бар ӯҳда дорад, аз қаламрави кишвараш берун, ба ҷануби Қазоқистон рафт ва истеъфои худро эълон намуд.

Қурмонбек Боқиев бо даъвати раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко вориди Минск шудааст. Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон тасмими Белорус дар мавриди паноҳгоҳ додан ба раисиҷумҳурии сарнагуншудаи Қирғизистонро маҳкум кардааст.

Эълони рӯзи интихобот

Омурбек Текебоев, муовини раиси ҳукумати муваққат, гуфт, референдуми Қонуни асосии Қирғизистон рӯзи 27-уми июн ва интихоботи парлумонӣ рӯзи 10-уми октябр баргузор хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки яке аз фаъолони саршиноси ҳуқуқи башар дар Қирғизистон Толейкан Исмоилова раёсати Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои кишварро бар уҳда хоҳад дошт.

Мақомоти ҳукумати муваққат вазъи Қирғизистонро рӯ ба оромӣ унвон мекунанд ва мегӯянд, тамоми манотиқи кишвар, аз ҷумла вилояти Ҷалолободро, ки маркази ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев ба шумор меравад, таҳти назорат доранд.
XS
SM
MD
LG