Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко: Мухолифин дар Украина таъқиб мешаванд


Раҳбари мухолифини Украина, сарвазири пешин Юлия Тимошенко изҳор намуд, ки мақомот мӯҳтавои аснод дар бораи тамдиди ҳузури Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қримро аз мардум махфӣ нигаҳ медоранд. Ба гуфтаи Тимошенко, барои ошноӣ бо ин аснод то рӯзи тасвиб дар парлумон - 27 апрел ҳатто вакилони Верховная Рада фурсат нахоҳанд ёфт.
Дар мулоқот бо раҳбарони намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Киев Юлия Тимошенко ҳамчунин аз оғози таъқиби намояндагони мухолифин аз сӯи ҳукумат изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки мехоҳад Шӯрои Аврупоро дар бораи мушкилоти демократия дар Украина баъди сари қудрат омадани Виктор Янукович дар ҷараён гузорад.
XS
SM
MD
LG