Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боқиев ба ҳукумати муваққат кумак хоҳад кард?


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, изҳор намуд, ки барои кумак ба ҳукумати муваққат дар мавриди баргузории интихоботи қонунӣ омода аст. Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус, бори дигар изҳор намуд, ки истеъфои худро қабул надорад ва аммо афзуд, ки ба Қирғизистон ба симати раисиҷумҳур баргаштанӣ нест. Боқиев гуфт, то замоне, ки парлумон истеъфои ӯро напазируфтааст, ӯ раҳбари Қирғизистон боқӣ мемонад.
Раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон ҳамчунин гуфт, ки раҳбарони Русия Дмитрий Медведев ва Владимир Путин сиёсати хориҷии мустақилони Бишкекро хуш надоштанд ва, аз ҷумла, мустақаршавии пойгоҳи низомии Амрико онҳоро хашмгин карда буд:
"Бояд рӯирост гуфт, ки мақомоти Русия ба ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Қирғизистон мувофиқ набуданд ва ин пойгоҳ онҳоро хашмгин карда буд. Ва ин омил ҳам нақши муайян бозид".
Ёдовар мешавем, ки Қурмонбек Боқиев бо даъвати раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко вориди Минск шудааст.
XS
SM
MD
LG