Пайвандҳои дастрасӣ

Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои интизомии Қазоқистон беш аз 16 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои нақзи қонуни муҳоҷират ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз ҷумла 61 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар ихроҷ шуданд.

Олег Ивашенко, сарвари дафтари матбуоти Вазорати дохилаи Қазоқистон дар сӯҳбат бо родиои Озодӣ гуфт: «Аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷии ба муҷозоти маъмурӣ гирифторшуда, бештарашон шаҳрвандони Ӯзбакистонанд ва шумораи онҳо беш аз 10 ҳазор нафар аст. Анқариб 2000 шаҳрванди Қирғизистон ва беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон низ маҷозоти маъмурӣ гирифтанд. Ҳамчунин 61шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қонуни буду боши муҳоҷирон бо ҳукми додгоҳ аз кишвар ихроҷ гардиданд. Дар натиҷаи ин амалиёт мӯҳлати буду боши анқариб 6000 нафар муҳоҷири хориҷӣ маҳдуд карда шуд».

Оқои Ивашенко афзуд, ки ағлаби муҳоҷирони ба ҷавобгарии маъмурӣ гирифторшуда ва аз кишвар истирдодгардида шаҳрвандони кишварҳои иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ҳастанд.

Вале дар ҳамин ҳол, бархе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, бар инанд, ки чунин амалиёти ниҳодҳои интизомӣ бо нақзи ҳуқуқи онҳо сурат мегирад.

Аз ҷумла, Комил ном муҳоҷири тоҷик, ки дар Алмаато кор мекунад, мегӯяд, ҳангоми тафтиш ҳатто баъзе тоҷиконро, ки ҳуҷҷати вижаи буду бош доштанд, низ боздошт карда, ба идораи пулис бурданд ва дар натиҷа, онҳо чанд соат вақти хешро аз даст доданд .

Ин дар ҳолест, ки ҳуҷҷати онҳо комилан дуруст буд ва ҳеч зарурат ба боздошти онҳо мавҷуд набуд.

Комил мегӯяд, ки кормандони пулис ғолибан танҳо бо ин роҳ хостанд аз муҳоҷирон пул рӯёнанд. Муҳоҷирон мегӯянд, ки вақтҳои ахир чунин тафтишҳо аз ҷониби кормандони пулис дар ҳама нуқоти кишвар ба вижа дар шаҳри Алмаато хеле зиёд шудааст.

Зеро, тавре намояндагони шаҳрдорӣ гуфтаанд , алъон дар Алмаато анқариб 2,5 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 1 миллион нафарашон бидуни сабти ном кору зиндагӣ менамоянд. Ва чунин тафтиши паёпай, боздошту ҷарима ва ҳатто ришваситонӣ, бархе аз муҳоҷиронро водор кардааст, ки ба қасди Русия Қазоқистонро тарк кунанд.

Комил мегӯяд, аз худи бозори онҳо панҷ- шаш нафар муҳоҷирони тоҷик, ки онҳоро ӯ мешинохт, даст аз Қазоқистон шуста ба Русия рафтаанд ва шумораи чунин муҳоҷирон дар ҳоли афзоиш аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG