Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври 4-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври чаҳоруми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

24-уми апрел «Истиқлол»-и Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода қувва меозмоянд.

Ду бозии дигар 25-уми апрел байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Энергетик»-и Душанбе ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров барпо мегардад.

Дар ҳамин ҳол дастаи «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи 3 бозӣ ғолиб омадааст, бо 9 имтиёз пешсаф мебошад.

Муддаъиёни дигари унвони қаҳрамонӣ - дастаҳои «Истиқлол» ва «Вахш» 6-имтиёзӣ ба даст овардаанд. «Вахш» се бозӣ, вале «Истиқлол» як бозӣ камтар анҷом додааст. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Истиқлол» дар ҷои дуюм ва «Вахш» дар ҷои сеюм қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 24-уми апрел:

Б Ғ М Б Т И

1. «Регар» ТадАЗ 3 3 0 0 11-0 9

2. «Истиқлол» 2 2 0 0 4-2 6

3. «Вахш» 3 2 0 1 2-2 6

4. «Хуҷанд» 3 1 2 0 4-2 5

5. «Парвоз» 3 1 1 1 4-2 4

6. ССКА «Помир» 3 0 2 1 1-3 2

7. «Энергетик» 3 0 1 2 2-4 1

8. «Хайр» 3 0 1 2 1-6 1

9. «Равшан» 3 0 1 2 1-9 1

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) бо 4 гол дар ҷои аввал аст. Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ), Ҷомихон Муҳиддинов («Регар» ТадАЗ) ва Сӯҳроб Эгамбердиев («Парвоз») дуголӣ задаанд.
XS
SM
MD
LG