Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ду ҳамдасти Маҳмуд Худойбердиев


Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон

Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон

Мақомоти раёсати умури дохилии вилояти Хатлон мегӯянд, ду узви гурўҳи сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиевро, ки зарфи 12 соли ахир мавриди пайгарди қонун қарор доштанд, боздошт кардаанд.

Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, афроди боздоштшуда, ки ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот, исми онҳо зикр намешавад, шаҳрванди Тоҷикистон будаанд:

«Шаҳрвандоне, ки дар қисми низомии Маҳмуд Худойбердиев хизмат мекарданд, аз тарафи кормандони оперативии РКД ва шўъбаи корҳои дохилии Қўрғонтеппа дастгир карда шуданд, ки онҳо бо мақсадҳои пурра суфарбар шуда буданд барои содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш. Маълум карда шуд, ки онҳо иштирокчии фаъоли нооромиҳо ва харобкориҳои гурўҳи Худойбердиев дар солҳои 1996-1997 дар Қўрғотеппа буданд…»


Ҷаноби Бузмаков ҳамчунин гуфт, ин афрод ҳамчунин дар нооромиҳои соли 1998-и шаҳри Хуҷанд ва талошҳои бебарорашон барои ғасби ҳоқимияти давлатии Тоҷикистон даст дошта, ҳамроҳ бо дигар аъзои қисми низомии Маҳмуд Худойбердиев ба қасди Узбакистон тарки Тоҷикистон кардаанд.

Сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон афзуд, нафарони дастгиршуда аз соли 1998 то ин замон дар Узбакистон, ғолибан дар гурўҳи ғайриқонунии сарҳанг Худойбердиев, кору зиндагӣ мекарданд ва имсол сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд.

Алайҳи афроди бозхдоштшуда парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, тафтиши ин парванда ба ихтиёри додситонии вилояти Хатлон ва кумитаи давлатии амнияти миллӣ вогузор шудааст.

Бархе аз сарчашмаҳо мегӯянд, ки сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави Узбакистон ба сар мебарад
Ва аммо Абдураҳмон Бузмаков гуфт, ин нахустин як чунин парвандаи марбут ба сарҳанги шўришгар Худойбердиев дар соли 2010 набудааст. Ахиран мақомоти милиса боз як шаҳрванди дигарро дар ноҳияи Қубодиён боздошт кардааст, ки ба гуфтаи Бузмаков, вай низ дар узвияти гурўҳи Худойбердиев гумонбар дониста мешавад:

«Мо тарафдори Худойбердиевро ҳамчунин дар Қубодиён ҳам ошкор сохтем, мавриди санҷиш қарор додем. Аммо баъзе монеасозиҳо буд аз ҷониби нерўҳои алоҳида. Бо ин вуҷуд мо мехоҳем, ки худамон ин тафтишотро анҷом диҳем, далелҳои дигаре ҳам дорем, ки онро бояд собит бикунем. Аммо ҳанўз чизе дар бораи ин парванда афзуда наметавонам…»

Милиса мегўяд, ки ҳамоно шумори қобили мулоҳизаи гумонбарон дар ҳамдастии Маҳмуд Худойбердиев дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд.

То ин замон дар Қўрғонтеппа шумори афзуни пайравони Маҳмуд Худойбердиев мавриди боздошт қарор гирифтаанд, чун сарҳанги исёнгар Худойбердиев дар гузашта дар ин маҳал будубош мекард ва фирқаи низомии ў аслан аз сокинони ин минтақа иборат будааст.

Адолати Ҳақҷў, коршиноси маҳаллӣ ва шоҳиди бевоситаи нооромиҳои соли 1998-и Қўрғонтеппа, мегўяд, баъд аз фирори Маҳмуд Худойбердиев ба хориҷ аз кишвар, чандин пайрав ё ҳамдасти ў бо дарки иштибоҳи худ ба Тоҷикистон баргаштанд, аммо аз сўйи мақомот ба зиндон кашида шуданд.

Вай меафзояд, шумори зиёди аъзо ё хизматчиёни воҳиди низомии Маҳмуд Худойбердиев, ба истилоҳ, «асир»-и найрангҳо ва фишори силоҳбадастони сарҳанги ошўбгар шудаанд:

«Қўрғонтеппагиҳо дар он лаҳзаҳо то чӣ дараҷа пайомадҳои нохушу ногувор доштани ин ҳодисаҳои марбут ба дасти Маҳмуд Худойбердиевро дарк намекарданд. Чунки Худойбердиев ҳам дар қатори дигар афсарон дар хизмати Президенту давлати Тоҷикистон қарор дошт, раҳбари як воҳиди низомии калони артиши миллии буд. Гумон намекардем, ки ҳадафу ғарази ўву гурўҳаш дигар аст. он замон мегуфтанд, ки гўё вилояти Хатлонро ба ду вилоят - Қўрғонтеппа ва Кўлоб ҷудо кардан мехоҳанд, вале баъд маълум шуд, ки мақсади аслии Худойбердиев расидан ба курсӣ ва мансабҳо будааст. Ҳамин тавр, ҷавонони бисёр қурбони ин нофаҳмиву гумроҳиҳо шуданд ва ҳар оилае, ки фарзандаш бо ин ҳаводис иртибот дошт, ҳоло бо мушкилиҳо мувоҷеҳ шудаанд…»


Дар воқеъ, Маҳмуд Худойбердиев замони қумандони яке аз воҳидҳои низомии вазорати мудофиа буданаш, дар миёни бавижа узбакзабонҳои водии Вахш аз маҳбубияти хоса бархўрдор буду дар ошўбҳои Қўрғонтеппаву Хуҷанд, дар авохири солҳои 90-ум ҳазорҳо нафар ба ў пайравӣ ва аз ў пуштибонӣ карданд.

Ҳамакнун иддае аз коршиносон мегўянд, фаразан, агар Худойбердиев азми бозгашт ба Тоҷикистон бикунад, то куҷо вай аз ҷонибдории узбактаборони маҳаллӣ бархурдор хоҳад буд, савол боз боқӣ мемонад. Коршиноси маҳаллӣ Орзуи Карим бар ин иддао аст, ки дар сурати афзудани мушкилоти иҷтимоӣ, тағйири авзои сиёсӣ ва номуттаҳидии ҷомеа, суйиистифода аз ин ҳол кардани гурўҳҳои ифротгаро аз эҳтимол дур нест:

«Воқеан, замоне буд, ки бо шунидани номи Маҳмуд Худойбердиев агар гурўҳе ба даҳшат меомаданд, гурўҳе дигар дар симои ў ба қавле «криша»-и худро медиданд. То ҳол бисёриҳо дар ёд доранд, ки дар солҳои ҷанг вай чӣ қадар харобкориҳо кард, аммо агар аз рўйи адолат бигўем, ба узбекзабонҳо, истаравшаниҳо, хуҷандиҳо кўмакҳояш расидааст. Ширкатҳо дошт, командаи футболи «Вахш»-ро сарпарастӣ мекард, вале ҳоло хонаҳояш бесоҳиб мондаанд, мардум аз назди хонаҳояш гузаштан метарсанд, дур-дур мегарданд. Вале ҳоло, ки мардум ба худ омадаанд, дигар масти кўмаку пуштибониҳои ў нахоҳанд шуд. Ҳоло барои мардуми тоҷик осудагӣ, рўзгори ором аз ҳама муҳим аст. Давлат ҷояшро гирифтааст. Вале иттиҳод муҳим аст, то аз муттаҳид набудани мо, мавҷи норозигиҳои мардум гурўҳҳои ошўбгар сўиистифода накунанд».


Ва аммо сокинони узбактабори минтақа мегўянд, пас аз фирори Худойбердиеву ҳампаймонҳояш, сокинони маҳаллӣ тоза ба зиндагии осуда расиданд ва бозгашти сарҳанги шўриширо дигар орзу надоранд. Алишер Раҷабеков, як сокини Қўрғонтеппа, мегўяд, ҳамакнун дар симои Маҳмуд Худойбердиев як хоини давлатро мебинад:

«Худам ҳам ўзбек бошам, фикр намекунам, ки дигар ҳамзабонҳои мо ва умуман, мардуми минтақа аз Маҳмуд ҷонибдорӣ кунанд. Вай агар 12 -13 сол боз дар ин ҷо набошад, 12-13 сол боз мардуми мо дар азоб. Мардуми мо гумроҳ шуданд, даҳҳо узбекзабонҳоро аз пушти Маҳмуд суд карданд. Маҳмуд дигар чӣ кор карда метавонад? Худо аз он рўзҳои шум нигаҳ дорад, ки боз вай ба ватани мо - Тоҷикистон ҳамла накунад!»

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар хиёбони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, наздикии бинои шӯъбаи корҳои дохила, акси сарҳанги фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев дар миёни муттаҳамини дигаре, ки ҷустуҷў мешаванд, ҷой гирифта, аз сокинони маҳаллӣ дархост шудааст, ҳар маълумоте, ки оид ба ў ва пайравонаш дар ихтиёр доранд, ба мақомот ироа бикунанд.

Ба иттилои манобеъи ғайрирасмӣ, феълан беш аз 30 сокини шаҳру навоҳии водии Вахш, ки дар узвият ба гурўҳи сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам дониста мешаванд, дар пайгарди қонунӣ қарор доранд ва низ дар чанд соли ахир додгоҳҳои вилояти Хатлон даҳҳо нафарро дар ҳамдастӣ ба ошўбу нооромиҳои кори дасти Маҳмуд Худойбердиев муҷрим дониста, равонаи зиндонҳо кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон иддао доранд, Маҳмуд Худойбердиев бо гурўҳи худ феълан дар қаламрави Узбакистон панаҳ бурдааст. Додситонии кулли Тоҷикистон чанд дафъа аз мақомоти расмии Тошканд хостори истирдори сарҳанги шўришӣ шудаанд, ки дар кўшиши табаддулоти давлатии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад. Аммо ҷониби Узбакистон воқеияти ин иддаоро, ки Худойбердиев дар хоки он кишвар бар сар бурда, аз пуштибонии нерўҳои вазъсози Узбакистон бархурдор мебошад, башиддат инкор карда, даъвои додситонии кули Тоҷикистонро нодида мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG