Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳе аз ронандагон дар шаҳри Маскав, ки аз худсарии ронандагони мошинҳои дорои сиренаҳои кабуди давлатӣ ба дод омадаанд, таҳти сарварии Алексей Дозоров, як маъракаи эътирозӣ ташкил намудаанд.

Онҳо сатилчаҳои кабуди бозичаҳои кӯдаконаро дар болои мошиноҳяшон насб намуда, дар хиёбонҳои асосии Маскав раҳпаймоии намоишӣ ва эътирозӣ ташкил намуданд. Ва ба ин васила талош карданд, то таваҷҷӯҳи мақомот ва сокинони пойтахти Русияро ба ин мушкил ҷалб намоянд.

Дозоров, ки худ собиқ корманди бозрасии давлатии роҳ мебошад, ба ронандагон дастур медиҳад, ки қавонини роҳро риоя намуда, қабл аз оғози раҳпаймоӣ ҳуҷҷатҳои ронандагиву мошинҳоро омода намоянд.

Ҳамчунон Дозоров ва ҳар ронандаи иштирокчии ин маърака як нусха аз қарори додгоҳ дар бораи аз байн бурдани ҷарима барои истифодаи худсаронаи сиренаро бо худ доранд.

Дозоров аз афсари полис талаб мекунад, ки худ аснодашро нишон нишон диҳад ва дастонашро аз дохили мошини ӯ берун кунад.





Дар ҷодаҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мушкили сирена вуҷуд надорад, аммо мушкили роҳ ва роҳбандон ба далели ташрифи меҳмонон ва ё ҳаракати мақомот аз ҷодаҳо ҳамеша вуҷуд дошт ва дорад.

Бар изофаи ин ҳаркати худсаронаи унсурҳое аз қабили боқимондаҳои фармондеҳони ҷанги дохилӣ, ки акнун ҷои онҳоро дар аксари маврид наздикони соҳибмансабон гирифтаанд, як мушкили дигари ҳаркат дар роҳҳои Душанб унвон мешавад.

Ин ду марвид ҳамчунон аз нигарониҳо сокинони пойтахти Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Назари Шумо чист?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG