Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиев ба Қирғизистон баргаштанӣ нест


Дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус, нишасти хабарии раисиҷумҳури барканоршудани Қирғизистон Қурмонбек Боқиев идома дорад. Дар посух ба суоли хабарнигорон Боқиев бори дигар изҳор намуд, ки истеъфои худро қабул надорад ва аммо афзуд, ки ба Қирғизистон ба симати раисиҷумҳур баргаштанӣ нест. Ӯ ҳамчунин иқрор кард, ки натавонистааст ин гуна сурат гирифтани авзоъ дар кишварро пешгӯӣ кунад.
Қурмонбек Боқиев бо даъвати раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко вориди Минск шудааст.
XS
SM
MD
LG