Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Узбакистон дар Душанбе гуфтааст, «бо назардошти аҳаммияти Талко барои иқтисоди Тоҷикистон вагонҳои ҳомили гилхок барои ин корхона бидуни таъхир ва навбат ба Тоҷикистон гузаронида хоҳанд шуд.»

Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон дар ин маврид пас аз муроҷиати Талко ба сафорати Узбакистон изҳори назар кардаанд. Корхонаи алюминийи Тоҷикистон бо номае аз сафорати Узбакистон хоҳиш карда буд, то дар мавриди интиқоли сареъи борҳои Талко, аз ҷумла гилхок, ки ашёи хоми асосӣ барои коркарди алюминий ҳаст, мусоидат кунад.

Дар хабарномаи сафорати Узбакистон дар Душанбе, онро хабаргузории расмии Тоҷикистон "Ховар" низ нашр кардааст, омадааст, дар се ҳафтаи ахир ба хоки Узбакистон 1720 вагони ҳомили гилхок ворид шудааст ва аз ин шумор 1370 вагонаш ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Ширктаи роҳи оҳани Узбакистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир 340 вагони дигари ҳомили гилхок дар роҳи оҳани Узбакистон дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Тоҷикистон мебошанд.

Сафорати Узбакистон гуфтааст, «то ки кори чанд ҳазор корманди Талко ба тавқиф наафтад, ва бо назардошти нақше, ки Талко дар иқтидори иқтисодии Тоҷикистон мебозад, ҷониби Узбакистон дар оянда ҳам сарфи назар аз мушкилоти сохтории роҳи оҳанаш дар интиқоли борҳои Талко аз афзалият кор хоҳад гирифт.»

Ин изҳорот дар пайи «қазияи вагони»-и Тоҷикистону Узбакистон гардише ба роҳи муносиботи нармтар ба назар мерасад

Тоҷикистон аз ду моҳи пеш ба сурати расмӣ аз боздошти қарторҳояш дар қаламрави Узбакистон хабар дод ва нотае низ ба ҷониби Узбакистон иросл кард.

Ин масъала аз сӯи Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон дар мулоқотҳояш дар мақари СММ дар Амрико низ матраҳ шуд.

Тоҷикистон умдатан муътақид аст, ки ин амалкарди Узбакистон навъе посухи он кишвар ба иқдоми Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун мебошад.

Ҷониби Узбакистон дар навбати худ маътал шудани вагонҳои Тоҷикистонро як мушкили фаннӣ унвон карда ва ба зарфияти роҳи оҳани худ робита додааст, ки бинобар зиёд шудани борҳо дар роҳи оҳан имкони сари вақт гузаронидани вагонҳоро надорад.

Тафсилоти бештар дар ин бора:

Нигаронии Тоҷикистон аз боздошти қатораҳояш дар Узбакистон

«Муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон» тавассути Узбакистон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG