Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нахустин иҷлосияи ҳайати нави Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, барои саввумин бор раиси палатаи болоии парлумони кишвар интихоб гардид.

Дар иҷлоси ҳайати нави Маҷлиси Миллӣ, ки рӯзи ҷумъаи 23 апрел дар шаҳри Душанбе бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баргузор шуд, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода муовини аввал ва Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, муовини раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб гардиданд.

«Ҳарчанд Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба мансаби раиси Маҷлиси Миллӣ, вакилон ва аъзои ин маҷлис интихоб кардаанд, аммо ин интихоби шахсии раисиҷумҳури Тоҷикистон аст», - мегӯяд Саймиддин Дӯстов, коршиноси масоили сиёсӣ. Зеро, ба таъкиди ҷаноби Дӯстов, вазъи феълии иқтисоди ва иҷтимоии кишвар ва таҳавулотҳои ахир дар минтақа раисиҷумҳурро водор ба чунин тасмиме кардааст.

Вай афзуд, «албатта интихоби дигарбораи Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шароити феълие, ки ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, бастагӣ дорад. Яъне ҳаёти иҷтимоии мардум рӯ ба костагӣ дорад, дар Қирғизистони ҳамсоя, яке аз президентҳои худкома шармандавор аз сари ҳокимият барканор шуд ва муқобилияти шадиди Узбакистон дар тамоми фронтҳо, аз ҷумла тарҳҳои энержӣ фаъолона идома дорад. Баъд аз интихоботи порлумонии моҳи феврал маълум мешавад, ки электорати муқобили давлат 25–30 дарсадро ташкил медиҳад. Дар чунин шароит президент наметавонад Маҷҳмадсаид Убайдуллоевро нодида бигирад ва ӯро аз худ канор бигзорад».

Аммо Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистон ва аз ҳуқудонҳои тоҷик, интихоби севвумбораи Убайдуллоев ба курсии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро мувофиқаи сатҳи «боло» ва бархоста аз тақсимоти маҳал медонад.

Вай мегӯяд, «дар мақомоти раҳбарикунандаи давлат ин мувофиқа аст ва бояд шахси дуввум аз вилояти Хатлон бошад. Гузашта аз ин наздиктар аз Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва таъсирдоштан дар низоми ҳокимият ва садоқатмандатар дигар касро номбар кардан мушкил аст. Гузашта аз ин раиси Маҷлиси Миллӣ шахси дуввум дар низоми ҳокимият аст ва дар баъзе мавориди истисноӣ раёсати ҷумҳурро иваз мекунад, бояд шахсе бошад, ки ба ӯ эътимоди куллӣ дошта бошад. Аз ин нуқати назар низ бо назардошти маҳалли таваллуди Маҳмадсаид Убайдуллоев ва нигаҳ доштани ваҳдати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, вай бояд раиси Маҷлиси Миллӣ бошад».

Аммо ин иддаоҳоро Ҷумабой Сангинов, раиси фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар порлумон, рад мекунад ва мегӯяд, интихоби Маҳмадсаид Убайдуллоев ба курсии Маҷлиси Миллӣ маҳсули иродаи сиёсии вакилони палатаи болоӣ мебошад. Вай афзуд, «ин иродаи сиёсии Маҷлиси Миллӣ аст ва мо низ ба ҳайси намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар порлумон инро ба хушӣ қабул дорем».

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон таҳти раҳбарии президент Раҳмон аст ва то охири соли гузашта низ вай симмати муовини раиси ҳизбро бар дӯш дошт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикисон, ки дар кори ҳайати нави Маҷлиси Миллӣ ширкат дошт, фаъолияти панҷсолаи Маҷлиси собиқро ба раҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев, пурсамар донист.

Дар нахустин иҷлоси ҳайати нави Маҷлиси Миллӣ ҳамчунин Маҳмадшо Илолов раёсати кумитаи таъминоти конститусионии ҳуқуқи башар, Матлубхон Давлатов ба мақоми раиси кумитаи иқтисод ва коммуникатсия, Сайдулло Хайруллоев, раиси комиссияи назорати дастури Маҷлиси Миллӣ интихоб шуданд.

Ҷаноби Хайруллоев, ки муддати даҳ соли ахир курсии раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумонро дар ихтиёр дошт, барои хидматҳои шоёнаш бо фармони раисиҷумҳур ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пазируфта шудааст.

Маҷлиси Миллӣ дорои 33 курсӣ аст, ки аз он 25 нафар тариқи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуда, 8 нафари дигар бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон таъин гардидаанд. Бар асоси қонун, Президенти собиқи Тоҷикистон узви доимии Маҷлиси Миллӣ маҳсуб мешавад. Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти Тоҷикистон аз ин ҳаққи хеш истифода карда ва ҳамакунун бар иловаи ду даври қаблӣ, дар даври навбатӣ низ ҳузур дорад ва масъулияти ифтитоҳи нахустин иҷлосияи ҳайати нави Маҷлиси Миллӣ бар ӯҳдаи ӯ гузошта шуда буд.

МАҲМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар деҳаи ба номи С.М.Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Вай дар соли 1974 Донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украинаро хатм карда, тайи якчанд сол дар Идораи омори собиқ вилояти Кӯлоб ба ҳайси инженер фаъолият кардааст.

Дар оғози солҳои 80-ум ӯ дар кумитаи шаҳрии ҳизби комунист корро оғоз кард ва пас аз таҳсил дар мактаби олии ҳизбии Тошканд муовини раиси Кумитаи давлатии омор таъин шуд.

Охири солҳои 80 ва оғози солҳои 90-ум М.Убайдуллоев вазифаҳои мухталифро дар ҳукумати вилояти Хатлон ва кишвар бар душ дошт.

Аз соли 1996 то имрӯз ӯ шаҳрдории Душанбе ва аз соли 2000-ум раёсати Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG