Пайвандҳои дастрасӣ

Силоҳи ҳастаии Амрико дар Аврупо боқӣ мемонад


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон эҳтимоли барчиниши охирин таслиҳоти ҳастаии Амрико аз Аврупоро рад кард. Изҳороти ӯ дар ин бора дар ҳамоиши вазирони умури берунаи Паймони Атлантики Шимолӣ дар Таллин, пойтахти Эстония садо дод. Дар ин нишаст ба думболи созиши ахири Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар мавриди назорат бар таслиҳот масъалаҳои халъи силоҳ ва дифои зиддимушакӣ баррасӣ мешаванд. Клинтон гуфт, ҳама гуна коҳиши нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида бояд бахше аз созишҳои оянда бо Русия бошад.
XS
SM
MD
LG