Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон миллионҳои Боқиевро меҷӯянд


Ҳукумати муваққати Қирғизистон мегӯяд, зиёда аз 20 миллион доллар пул ва тилоеро, ки ба президенти барканоршудаи ин кишвар Қурмонбек Боқиев ва аҳли оилаи ӯ мансуб буданд, мусодира кардаанд. Намояндаи ин ҳукумат гуфтааст, аҳли оила чандин усули ба моли худ табдил додан ва ба хориҷ аз кишвар фиристодани маблағҳои буҷаи давлатро истифода кардаанд. Вай афзуд, ҳайати махсусе ба таҳқиқи дигар додуситад ва интиқоли маблағ аз тарафи Боқиев ва хешу ақрабои ӯ машғул аст ва дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG