Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Босния ба узвият дар НАТО омода мешавад


Паймони Атлантики Шимолӣ ризоият дод, ки Босния иҷрои барномаи омодагӣ ба узвият дар ин созмонро оғоз кунад. Чунин дархости Босния дар моҳи декабри соли гузашта аз тарафи паймон бо далели зарурати ислоҳот дар Босния рад шуда буд. Аз он вақт инҷониб, гуфт сухангӯи НАТО Босния пешрафтҳои муҳиме кард. Аз ҷумла дар бораи таслиҳот ва муҳимоти зиёдатӣ ва фиристодани нерӯ ба сафи қувваҳои НАТО дар Афғонистон тасмим гирифта шуд. Аъзои эҳтимолии НАТО бояд пеш аз даъват шудан ба суфуфи он барномаи омодагӣ ба узвиятро ба анҷом расонанд.
XS
SM
MD
LG