Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби додгоҳи Аврупо аз мақомоти Озарбойҷон


Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз мақомоти Озарбойҷон талаб кард, журналист Айнулло Фатҳуллоевро озод кунанд ва ба ӯ 25 ҳазор евро ҷарима супоранд. Ин додгоҳ гуфтааст, мақомоти Озарбойҷон Фатҳуллоевро аз ҳуқуқаш ба озодии баён ва муҳокимаи одилона маҳрум кардаанд. Фатҳуллоев дар соли 2007 барои мақолае, ки гӯё дар он шаҳрвандони аз дасти нерӯҳои Арманистон кушташударо таҳқир кардааст, ба додгоҳ кашида шуд ва бо иттиҳоми ангезиши терроризму насупурдани андоз ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум гашт.
XS
SM
MD
LG