Пайвандҳои дастрасӣ

10 ҳазор имзо бар зидди роҳи пулакии Тоҷикистон


Зиёда аз 10 ҳазор нафар аз истиқоматкунандагони масири роҳи пулакии Душанбе -- Чаноқ дар номае ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори бознигарии нархи истифодаи роҳ аз тарафи аҳолии маҳаллӣ шудаанд. Онҳо ҳамчунин хостаанд, ҷамъоварии маблағ аз истифодаи роҳ аз дасти ширкати хориҷӣ гирифта ва ба ихтиёри мақомоти давлат дода шавад. Матни пурраи нома дар нашрияи "Фараж" ба чоп расидааст. Ҳафтаи гузашта садҳо нафар аз сокинони ноҳияи Варзоб бар зидди роҳи пулакӣ дар назди яке аз дарвозаҳои он гирдиҳамоӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG