Пайвандҳои дастрасӣ

Танзи нав ба паёмбари ислом сонсур шуд


Баъд аз ҳушдори гурӯҳи исломии Иёлоти Муттаҳида бахши охири филми тасвирии "Боғи ҷанубӣ" мавриди сонсур қарор гирифт. Ин гурӯҳ гуфт, дар ҳоле ки муаллифони филм барои нишон додани паёмабри ислом дар пӯсти хирс метавонанд, кушта шаванд. Шабакаи телевизионии Комеди Сентрал ба ин бахш аз филм ба ҷои сухан садоҳои бипро гузошт ва ҳама гуна ишора ба паёмбарро аз байн бурд. Дар филм чеҳраҳои маъруфи динҳои гуногун истифода шудаанд. Аз ҷумла Буддо маводи мухаддир истеъмол мекунад ва Исои Масеҳ бо тамошои филмҳои фаҳш машғул аст.
XS
SM
MD
LG