Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси роҳҳои мубориза бо мухаддироти Афғонистон


Александр Манилов, сардори идораи ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони марзбони Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ

Александр Манилов, сардори идораи ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони марзбони Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ

Ҷилавгирӣ аз вуруди маводи химиявии истеҳсоли ҳероин ба Афғонистон, маҳви майдонҳои кишти кӯкнор ва фаъолтар кардани ҳамкориҳо бо мақомоти Афғонистон аз пешниҳодҳои нишасти Шӯрои нерӯҳои марзбонии кишварҳои ИДМ дар Душанбе буд.

Намояндагони ин нишаст, ки рӯзи панҷшанбе ба кори худ хотима дод, дар робита ба масоили аломатгузорӣ ва тақсими хати марзҳои муштараки кишварҳои ҳамсоя, ба мисли Тоҷикистону Узбакистон ва Тоҷикистону Қирғизистон, иттилоъ надоданд, зеро ин масъала ба салоҳияти онҳо шомил намешудааст.

Александр Манилов, сардори идораи ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони марзбони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ , вазъи марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистонро аз лиҳози амниятӣ дар баробари қочоқи маводи мухаддир бисёр нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Вай аз ҷумла гуфт, «мутаасифона, тадобире, ки дар Афғонистон дар амри коҳиши қочоқи маводи мухаддир дида мешавад, натиҷаи зарурӣ намедиҳад. Аз соли 2001 нерӯҳои эътилофи зиддитеррор дар Афғонистон ҳузур доранд ва ба ҷои ин, ки кишт ва қочоқи маводи мухаддир коҳиш меёфт, баръакс бештар шудааст. Ҳарчанд бахши аъзами маводи мухаддир аз тариқи Эрону Покистон ҳамлу нақл мешавад, вале марзи Тоҷикистон ҳам нигаронкунанда аст”.

Шӯрои фармондеҳони марзбони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ба ин назар аст, ки дар марзҳои муштараки ин кишварҳо имкони бардоштани садҳои чинӣ нест ва ягона роҳи ҳалли масъала дар худи Афғонистон ба тамом аз байн бурд киштзорҳои маводи мухаддир аст.

Ҳоло таи чанд соле, ки нерӯҳои эътилофми зиддиттерор дар Афғонистон ҳузур доранд, ангушти кишварҳои ҷомеаи Муштаракулманофеъ танҳо сӯи ин эътилоф нишон дода мешавад.

Вале коршиносон мегуянд, ки айбҷӯӣ роҳи ҳалли масъала нест ва бояд нерӯҳои марзбонӣ ва оҷонсиҳои зиддиқочоқи маводи мухаддири кишварҳои пасошӯравӣ бо нерӯҳои амниятии Афғонистон ва нерӯҳои эътилофи зиддитерор ҳамкории амалӣ намоянд. Танҳо дар ин сурат натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад.

Рустам Ҳайдаров, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд, «маводи химиявии истеҳсоли ҳероин аз кишварҳои Ғарб вориди Афғонистон мешавад. Агар ҳамкории ҷонибҳо яъне ҳамоҳангии нерӯҳои эътилофи зиддитерор бо кишварҳои Мушатарклманофеъ созмон дода нашавад, натиҷае дар ин самт ҳосил нахоҳад шуд».

Шӯрои фармондеҳии нерӯҳои марзбонии кишварҳои ҷомеаи муштаракулманофеъ тасмим гирифтанд, ки дар соли равон ду амалиёти мушатараки зидди қочоқи маводи мухаддир дар хутути марзро созмон диҳанд. Дарин нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта ҳамкории ниҳодҳои масъули ин кишварҳо натиҷаи назаррасе ба бор овардааст ва чоруним тонна маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст, ки ҳосили ҳамоҳангӣ будааст.
XS
SM
MD
LG