Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, 90 дарсади кадрҳои ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар мутахассисони бо таҷрибаи даврони истиқлол буда, танҳо 10 дарсади онҳо аз насли Шӯравӣ ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон мегӯянд, синни аксари кулли мансабдорони давлатӣ, ҳам дар сатҳи давлат ва ҳам дар сатҳи раисони вилоятҳо ва шаҳрҳову ноҳияҳо аз 50-сола болост, ки ба қавле «дар деги Шӯравии собиқ ҷӯшидаанд».

Осори сиёсати Шӯравӣ

Дар даҳаи 1990 мелодӣ, ҳангоме, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд ва кишварҳои тобеи он, аз ҷумла Тоҷикистон, ба истилолият даст ёфт, интизориҳо ин буд, ки сиёсати идораи кишвар ба шеваи хосе сурат хоҳад гирифт. Зеро рушанфикрони тоҷик, ки алоқамандони ашадии истиқлол буданд, мехостанд, рӯҳияи раҳбарӣ ва шакли ҷобаҷогузории кадрҳо тавъам бо андешаи миллӣ ва ҳуввияти миллӣ бошад.

Аммо соҳибназарон бар инанд, ки осори сиёсати қавии замони Шуравӣ ва аз сӯи дигар бурузи ҷанги дохилии панҷсола натавонист, шеваи мудирият дар Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир бидиҳад.

Пайомади ҷанги дохилӣ

Ҳикматуллои Сайфуллозода, таҳлилгари маркази «Диалог», мегӯяд, «бо таассуф метавонем бигуем, ки он афкори худсоз ва дурбин, ки дар даҳаи 1990 ба вуҷуд омад, дар пайи таҳмили ҷанги дохилӣ аз байн рафт ва дигар мо метавонем бигӯем, ки як элитае дар низоми давлатдории Тоҷикистон сари кор омад, ки дур аз ин фарҳанг буд. Имрӯз дар низоми давлатдорӣ мудирияти ҷадиди муносиб барои афкор ва фарҳанги миллат ба вуҷуд оварда натавонистаем».

Ин дар ҳолест, ки масъулони давлатӣ дар Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, мудирият ё сиёсати кадрии кишвар модели хоси худро дорад ва ҳамакнун тибқи иттилои раёсати хидмати давлатӣ - ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 дарсади кадрҳои идоракунии давлатӣ мутахасиони бо таҷрибаи даварони истиқлол буда ва танҳо 10 дар сади онҳо аз замони Шуравӣ ҳастанд.

Ҳокимияти як минтақа

Аммо Парвиз Муллоҷонов, мегӯяд, чи гуна метавон ин афродро мутахассисони даврони истиқлол ном бурд, дар ҳоле, ки аксари кулли онҳо дар он даврон зода шуда, парвариш ёфта ва маълумот гирифтаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Муллоҷонов, кор ба дараҷае расидааст, ки принсипи кадрҳо хоси як минтақа ва аз наздикони афроди аввал, ки дар даврони Шӯравӣ то ҷое дар ин замина маҳдудият буд, густариши тоза пайдо кардааст.

Вай меафзояд, «дар давраи Шӯравӣ масъалаи сӯйистифодаи мансабҳо ва ришвахорӣ ва ҳамчунин фаро гирифтани хешу табор ба мансаби давлатӣ назорати ҷиддӣ мешуд. Аммо имрӯз ин назорат нест ва мо мебинем, ки дар як муассиса ё сохтори давлатӣ вазир ё шахси мансабдор бо хешу табораш кор мекунад».

«Бознишастагон» дар ҳукумат

Бар пояи гузориши раёсати хидмати давлатӣ, дар ин кишвар беш аз 18 ҳазор ходими давлатӣ фаъолият дорад, ки аз ин шумора 140 нафар дар вазифаҳои сиёсӣ мустақиман аз сӯи раисиҷумҳур ё раиси ҳукумат таъин мешавад. Сиёсати кадрии ҳукумат борҳо дар матбуоти кишвар зери тозиёнаи тандқид қарор гирифта ва нигарони ҷомеа низ ин аст, ки бархе аз вазирон дар курсии мансаб солҳо боз нишастаанд.

Аммо назари Ҷумъахон Давлатов, раиси собиқи раёсати хидмати давлатӣ ва ҳоло мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин бора дигар аст. Вай мегӯяд, «ин масъалаҳо таҳлил ва баҳогузорӣ карда мешавад ва баъд вазир ба мӯҳлати дуюм пазируфта мешавад. Масалан, вазири молия, танҳо пас аз рафтани ин шахс мумкин аст, Тоҷикистон орзуи чунин шахсеро дар мансаби вазири молия кунад. Ҳарчанд Сафаралӣ Наҷмиддинов мавриди танқиди ҷиддӣ қарор мегирад, аммо ҳеҷ гоҳ дар бораи ба камбудиҳо роҳ додани вай ё ба коррупсия роҳ доданаш дар матбуот навишта нашудааст. Ба ин далел пазируфта шудани Сафаралӣ Наҷмиддинов ба вазири молия дуруст аст ва идомаи фаъолияти вай дар ин мансаб дуруст баҳогузорӣ шудааст».

Шикояти бекадрӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, борҳо аз камбуди мутахассисони ҳирфаӣ дар мақомоти давлатӣ шикоят карда ва ба ин хотир амр дода буд, ки дар кишвар ба монанди дигар давлатҳо Академияи хидмати давлатӣ ташкил шавад. Зеро таҷриба ҳокист, ки бештари мансабдорони давлатӣ, ҳоло дар Академияи хидмати давлатии Русия ва дигар кишварҳо таҳсил мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки қарор буд, чунин муассисаи олии кадрӣ дар соли ҷорӣ ба кор оғоз мекард, аммо ба иттилои масъулони раёсати хидмати давлатӣ, ин кор ба далели бӯҳрони молиявӣ то се соли дигар ба таъхир гузошта шуд.

Вазифаҳои «равғанӣ»

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатмадорони Тоҷикистон, мегӯяд, дар мақомоти Тоҷикистон вазифаҳое ҳастанд, ки ба қавле «равғанӣ» маҳсуб мешаванд, аммо масъулияти бузургро тақозо мекунанд. Ба қавли оқои Муҳаммадазимов, муддаиён ба ин гуна курсиҳо аз рӯи принсипи «садоқат ба сарвар ва маҳал» таъйин мешаванд.

Вай афзуд, «аз ин хотир, фасод дар Тоҷикистон ба ҳадди хеле баланд рафт. Мо бояд аз ин принсипҳо ба хотири ваҳдати мардуми кишвар даст кашем. Ширкати густардаи мардум дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун боз собит мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳама корро метавон кард, агар ваҳдат бошад. Мешавад гуфт, ки ҳоло як бӯҳрони умумиҷумҳуриявии кадрӣ пеш омадааст».

Маҳалгароии раҳбарон


Вале ташвиши амиқи Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори мустақил, ин аст, ки бо чунин шеваи таъини кадрҳо наметавон андешаи миллӣ ва ҳуввияти миллиро густариш бахшид. Зеро он гуна, ки ҷаноби Абдуваҳҳоб мегӯяд, «мутаассифона, мансабдорони мо диди шӯравиро қабул доранд ва аз ҳамон дид берун набаромадаанд. Аз сарвари ҳукумат то камтарин корманде, ки дар як раёсат кор мекунад, назар кунем, ҳатто ронандааш аз маҳалли худаш ҳаст».

Дар ҳамин ҳол давлати Тоҷикистон тарҳи ислоҳот ба қонуни хизмати давлатиро, ки бар асоси он мӯҳлати фаъолият дар ниҳоди давлатӣ, албатта ба ҷуз вазирон, 5 сол муқаррар шудааст, таъид накард. Қонуни мазкур чун пештара барои мансабдоре, ки синнашон ба нафақа мерасад, ҳаққи ду соли дигар кор карданро медиҳад.

Аммо коршиносон ҳатто ба таври воқеӣ дар амал иҷро шудани ин муқарраротро зери суол мебаранд. Зеро ба гуфтаи ин онҳо, то замоне, ки мавориди ришватхорӣ ва маҳалгароӣ дар ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд дорад, роҳ ёфтани афроди ботаҷриба ва соҳибтахассус ба сатҳҳои баланди давлатӣ имконнопазир аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG