Пайвандҳои дастрасӣ

Машқҳои низомии Эрон дар обҳои Халиҷи Форс оғоз шуд


Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон дар обҳои Халиҷи Форс ва дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ба машқҳои густардаи низомӣ оғоз кардааст. Матбуоти маҳаллии Эрон мегӯяд дар ин машқҳои серӯза нируҳои ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии ин кишвар ширкат доранд. Ҳадафи машқҳо тамрини таъмини амният дар минтақа арзёбӣ мешавад. Фармондеҳони сипоҳ гуфтаанд, ки дар ин машқҳо "аслиҳаи нав" мавриди озмоиш қарор мегирад. Аз соли 2006 ба ин сӯ Эрон дар обҳои тангии Ҳурмуз ҳар сол машқҳои низомӣ анҷом медиҳад ва тавонии низомии худро ба намоиш мегузорад.
XS
SM
MD
LG