Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти вазирони хориҷаи НАТО идома дорад


Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви паймони НАТО дар Таллин-пойтахти Эстония музокироти дурӯзаи худро идома медиҳанд. Вазирон аҳдномаи нави коҳиши аслиҳаи стротегии ҳастаии Амрикову Русия ва таъсири он дар муносиботи НАТО бо Маскавро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки вазирон ҳамчунин 200 адад аслиҳаи "тактикӣ"-и мустақар дар Амрико ва 5 кишвари дигари узви ин паймонро ба баррасӣ бигиранд. Дар ин мулоқот ҳамчунин роҳҳои вогузории амният ба нируҳои маҳаллии Афғонистон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG