Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия иддаои Боқиевро эътироф намекунад


Русия мегӯяд, иддаои Қурмонбек Боқиев-президенти барканоршудаи Қирғизистонро дар ин бора, ки вай то ҳол дар сари қудрат аст, эътироф намекунад.Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт, аризаи бо даст навиштаи Боқиев наметавонад пас гирифта шавад:
"Он чӣ ман медонам ва ба таври расмӣ эълон шуд, ин аст, ки Қурмонбек Боқиев номаи истеъфои худро ба Бишкек факс кард. Ин санад ст ва он бо мушкилӣ метавонад бо изҳороти шифоҳӣ рад шавад".

Боқиев баъд аз нооромиҳои ахир ба Белорус рафт ва ҳоло дар он ҷост. Ҳукумати муваққати Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки 10-ӯми октябр интихобот баргузор мекунад. Вале қабл аз он бояд дар бораи коҳиши салоҳияти раиси ҷумҳур райпурсӣ анҷом бигирад. Омурбек Тикебаев-муовини раиси ҳукумати муваққат эълон кард, ки мумкин аст интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порламон дар як вақт баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG