Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ноҳияи Шӯрообод, ҷануби Тоҷикистон ҷасадҳои чаҳор қочоқчии афғон, ки дар паи амалиёти як моҳ пеш кушта шуда буданд, гум шудаанд. Мақомоти марзбонӣ аз фаъол шудани гурӯҳҳои қочоқчӣ дар ин минтақа хабар медиҳанд.

Қаблан, мақомоти интизомӣ эълон доштанд, ки дар паи як амалиёт, 20-уми март, 6 қочоқчӣ кушта шуд ва 4 ҷасади кушташуда дар ғори пурбарфе фурӯ рафта буд, вале акнун бо гузашти чанд вақт аз он ҳодиса аз ҷасадҳо нишоне боқӣ намондааст.

Мақомот мегӯянд, афроди кушташударо касе суроғ накардааст ва шахсияти онҳо низ номаълум буд. Толибҷон Темуров, муовини сардори қисми ҳарбии Вазорати мудофиа, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, қочоқчиён ҳамеша сар то по мусаллаҳ буда, зинда боздошт кардани онҳо дар аксар маврид мушкил аст. Қочоқчиёни кушташуда низ мусаллаҳ будаанд.

Ҷаноби Темуров мегӯяд: “Ҳангоми ҷусутҷӯ аз ҷои ҳодиса 2 автомати тамғаи Калашников, 4 тирдон, 136 тир ва дар 6 борхалата 118 килограм гиёҳи хушки бӯи махсусдошта (бо эҳтимоли зиёд бангдона) мусодира шуд. Аммо мо ба ҷуз ҳамон ду ҷасад 4 ҷасади дигарро пас об шудани барф низ пайдо карда натавонистем ва то кунун намедонем, онҳо куҷо шуданд.”

Афзоиши дубораи гурӯҳҳои қочоқчӣ дар марз


Ба қавли сокинони деҳоти наздимарзӣ гаштугузори сокинони Афғонистон дар ҳудуди ин ноҳия дубора ба назар мерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки соле қабл дар паи як амалиёт беш аз 300 афғони қочоқчӣ ба он сӯи рӯдхона ронда шуда ва 10 тани он кушта шуда буд.
Раҳим Насимов, як сокини ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, “хеле буд, ки наметофтанд, лек ҳоло боз пайдо шудаанд. Ҳангоми ба шикор ё ҳезум рафтан бо онҳо вомехӯрем. Ба мо кор надоранд, агар ягон роҳу ягон чизро пурсанд, мепурсанд, дигар ҳеҷ”.
Аммо афзоиш ёфтани афғонҳои қочоқчиро Толибҷон Темуров рад мекунад. Вай мегӯяд, ҳар гурӯҳе, ки ба ин сӯи рӯдхона мегузаранд, аз ҷониби сарҳадбонон пайгирӣ мешаванд.

Марзбонон чархбол надоранд

Раҳматалӣ Назрӣ, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, сарҳадбонони тоҷик ҳарчанд дар самти нигаҳбонии сарҳад то ҷое муввафақ шуда бошанд ҳам, аммо то ҳол аз лиҳози фаннӣ мушкилоти зиёд доранд.

Ӯ мегӯяд, “дар шароити Шӯрообод доштани як чархбол барои сарҳадбонон хеле муҳим аст. Мутаасифона, ҳоло сарҳадбонони тоҷик инро надоранд. Агар ҳамин мушкили сарҳадбонон ҳал мешуд, фикр мекунам, дигар онҳо дар муҳофизати марз мушкили намекашиданд”.

Гуристони қочоқчиён дар Кӯлоб

Шӯрообод ноҳияи марзӣ буда, саду 56 километр бо давлати исломии Афғонистон хати марз дорад. Соли гузашта дар ин минтақаи марзӣ даҳ қочоқчӣ кушта ва беш аз 1 тонна маводи мухаддар мусодира шуда буд.

Аксари ҷасадҳои қочоқчиёни кушташуда бо сабабҳои номаълум ба он сӯи рӯдхонаи Панҷ бурда намешаванд. Ҳамин аст, ки ҳоли ҳозир беш аз даҳ ҷасади қочоқчиён дар гуристони Ғоҷағоиби шаҳри Кӯлоб давоми панҷ соли ахир ба хок супурда шудааст.

Ба гуфтаи масъулини ин гӯристон аҷсоди қочоқчиён танҳо пас аз як соли нигаҳдори дар мурдахонаи шаҳр ва пайдо нашудани наздиконаш аз тарафи онҳо ба хок супурда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG