Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ байни ҷавонон, ки дар шаҳри Душанбе бо ширкати 37 варзишгар тӯли се рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Дар сабқати писарон Баҳроми Фирӯз ғолиб омад. Фаридуни Насруллоҳ ҷои дуюм ва Ҷамолиддин Файзиддинов ҷои сеюмро соҳиб шуданд.

Сабқати духтарон бо пирӯзии Кристина Зайниддинова хотима ёфт. Малика Хоҷаева дар ҷои дуюм ва Сайёра Сатторова дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG