Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози машқҳои низомии СПАД дар шимоли Тоҷикистон


Дар размоишгоҳи гарнизони Хуҷанд машқҳои ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, таҳти унвони «Марз - 2010» оғоз шудааст.

Дар ин машқҳои ҳарбӣ, нерӯҳо ва техникаи ҳарбии Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ширкат меварзанд. Низомиёни баландрутбаи СПАД созмон баргузории ин размоишҳоро дар таъмини амнияти кишварҳои узви ин ниҳод муҳим хонданд.

Дар назди хаймаҳои сарбозони кишварҳои шикаткунанда парчамҳояшон парафшон ва акси раисҷумҳурҳояшон насб шудаааст. Албатта ба ҷуз хаймаи низомиёни Қирғизистон, ки дар он кишвар дар пайи тазоҳуроти мардум ҳукумати муваққатӣ рӯи кор омада, президенти собиқ фирор карда, акнун ба интихоби раисҷумҳури нав омода мешавад.

Фаридун Маҳмадалиев, раҳбари хадамоти матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт, ҳадафи аслии ин машқҳои муштарак санҷидани ҳамоҳангии фаъолияти ҷузъу томҳои низомии кишварҳои мазкур дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористӣ табодули иттилоъ ва таҷриба ва боло бурдани савияи дониши низомиён мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, дар даври аввал барномаи амалиёти эҳтимолии зидди гурӯҳҳои террористӣ таҳия гардида, дар марҳалаи дуюм, рӯзи 24 – уми апрел баргузории ин амалиёт бо иштироки нерӯҳои ҳарбӣ дар назар гирифта шудааст.

Дар машқи муштарак ҳудуди 600 афсару сарбоз, теъдоде аз ҳавопаймоҳои ҷангиву борбар, техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ ва аслиҳаи
мухталиф озмуда хоҳанд шуд.

Фармондеҳӣ ба нерӯҳои муштаракро дар машқи ҳарбӣ ҷониби Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Оқои Маҳмадалиев мегӯяд: «Айни ҳол ҷузъу томҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Русия дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба даври ниҳоии машқҳои муштараки ҳарбӣ омодагӣ мегиранд.»

Минтақаи шимолии Тоҷикистон яке аз манотиқи Осиёи Марказӣ хонда мешавад, ки дар он гоҳ гурӯҳҳои террористии мусаллаҳ фаъолиятҳои мусаллаҳона роҳандозӣ мекунанд, ҳамчунин эҳтимоли бо роҳҳои кӯҳистон даромадани гурӯҳҳои тундрав аз Афғонистон ба ин минтақа вуҷуд дорад.

Аммо Владимир Устинов, сардори бахши омодагии фаврии ҳарбии ситоди муттаҳидаи СПАД мазкур чанде қабл дар нишасти Қайроқум гуфт, муҳим то чи андоза бузург будани чунин хатар аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ нест, муҳимтар он аст, ки ситоди ягонаи СПАД вуҷуд дорад ва чорабиниҳои худро барои адои вазифаҳои ин созмон ба иҷро мерасонад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Туркманистон узви СПАД мебошанд. Ду кишвари узви СПАД, Узбакистон ва Беларус аз иштирок дар машқи муштарак сар тофтаанд аммо бар пояи маълумоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон эҳтимол дорад намояндаҳои онҳо ба ҳайси нозир иштирок кунанд.

Ин ду кишвар соли гузашта ҳамкории худро бо СПАД қатъ карда буданд . Бо берун рафтани ин ду кишвар нуфуз ва фаъолияти созмони мазкур ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст ва машқҳои низомиву барномаҳояш бе иштироки неруҳои ин кишварҳои берунрафта сурат мегиранд.
XS
SM
MD
LG