Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи рӯзи интихоботи Қирғизистон


Раҳбарияти ҳукумати муваққати Қирғизистон
Раҳбарияти ҳукумати муваққати Қирғизистон

Ҳукумати муваққати Қирғизистон рӯзи баргузории референдум дар робита ба Қонуни нави асосӣ ва ҳамчунин рӯзи интихоботи парлумонӣ дар ин кишварро эълон кард.

Омурбек Текебоев, муовини раиси ҳукумати муваққат, гуфт, референдуми Қонуни асосии Қирғизистон рӯзи 27-уми июн ва интихоботи парлумонӣ рӯзи 10-уми октябр баргузор хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки яке аз фаъолони саршиноси ҳуқуқи башар дар Қирғизистон Толейкан Исмоилова раёсати Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои кишварро бар уҳда хоҳад дошт.

Мақомоти ҳукумати муваққат вазъи Қирғизистонро рӯ ба оромӣ унвон мекунанд ва мегӯянд, тамоми манотиқи кишвар, аз ҷумла вилояти Ҷалолободро, ки маркази ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев ба шумор меравад, таҳти назорат доранд.

Ахиран теъдоде аз ҳампаймонони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар вилояти Ҷалолобод боздошт шудаанд. Ба иттилои хабаргузории Ройтерз, волии худэълони ин вилоят Файзулло Раҳмонов низ дар байни боздоштшудаҳост.

Файзулло Раҳмонов якчанд рӯз қабл дар пайи тазоҳуроти пуштибонони раисиҷумҳури пешин ва ғасби бинои ҳукумати вилоят аз сӯи онҳо волии Ҷалолобод эълон шуда буд.

Дар ин байн президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар шаҳри Минск гуфт, вай дар мақоми раисиҷумҳури қонунии Қирғизистон боқӣ мемонад ва аз сарони кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ҳукумати муваққати Бишкекро ба расмият нашиносанд.

Вай дар мулоқот бо хабарнигорон дар ситоди Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд дар шаҳри Минск гуфт, “ман ҳамчун раисиҷумҳур ва кафили Қонуни асосӣ масъулияти ҳаводиси ахир дар Қирғизистонро бар дӯш дорам”.

Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, таҳаввулоти ахири Қирғизистонро «табаддулоти давлатӣ» номида, гуфтааст, ба зудӣ дар бораи тақдими паноҳгоҳи сиёсӣ ба Қурмонбек Боқиев ва аҳли хонаводаи ӯ тасмим хоҳад гирифт.

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон тасмими Белорус дар мавриди паноҳгоҳ додан ба раисиҷумҳурии сарнагуншудаи Қирғизистонро маҳкум кардааст. Ӯ аз мақомоти Белорус хостори истирдоди Боқиев ба Қирғизистон шудааст.
XS
SM
MD
LG