Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон рӯзи интихоботи нав эълон шуд


Ҳукумати муваққати Қирғизистон эълон кардааст, ки дар ин кишвар 10-ӯми октябри соли равон интихобот баргузор хоҳад шуд. Ин интихобот баъд аз райпурсӣ дар бораи коҳиши салоҳияти раиси ҷумҳур доир мешавад. Омурбек Тикебаев-муовини раиси ҳукумати муваққат гуфт, назарпурсӣ барои ворид овардани тағирот дар Қонуни Асосӣ 27-ӯми июн ва пас аз он 10-ӯми октябр интихобот баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, ҳукумат ба нақша гирифтааст, ки салоҳияти раиси ҷумҳурро кам кунад ва дар Қирғизистон низоми порламонӣ сари кор ояд. Тикебаев гуфт, мумкин аст ҳам барои интихоби раиси ҷумҳур ва ҳам барои интихоби порламон райдиҳӣ дар як рӯз анҷом бигирад.
XS
SM
MD
LG