Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии «Интер» ва «Бавария» дар бозиҳои аввали ниманиҳоӣ


Бозиҳои аввали ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо 20-ум ва 21-уми апрел баргузор шуданд.

Дастаи «Интер»-и Итолиё дар майдони худ бар тими «Барселона»-и Испониё бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд. Ҳисобро дар ин дидор бозигари меҳмонон Педро Родригес дар дақиқаи 19-ум боз кард. Вале баъди 11 дақиқа Уэсли Снейдер ҳисобро баробар намуд. Ду голи дигари мизбононро Майкон (дақиқаи 48-ум) ва Милито (61-ум) дар нимаи дуюми бозӣ ба самар расонданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи «Бавария»-и Олмон дар майдони худ тими «Лион»-и Фаронсаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ҳалкунандаро Роббен дар дақиқаи 69-ум зад.

Дар бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо 27-уми апрел тими «Лион» дар майдони худ бо дастаи «Бавария» ва 28-уми апрел дастаи «Барселона» бо тими меҳмон - «Интер» қувваозмоӣ хоҳанд кард.


XS
SM
MD
LG