Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи муҳими Русия ва Украина


Украина мӯҳлати иҷораи пойгоҳи дарёии Баҳри Сиёҳро барои Русия то 25 соли дигар тамдид мекунад ва Русия нархи газро барои Украина 30 дарсад кам хоҳад кард. Ин тавофуқ дар ҷараёни сафари Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ба Украина ҳосил шудааст.

Чунин тиҷорат дар ҷараёни сафари Раисиҷумҳури Русия ба Украина, ба гуфтаи таҳлилгарон, ба чандин соли хусумати дутарафа байни ду кишвар хотима гузошт.

Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дастёфт ба чунин тиҷоратро пас аз дидору гуфтугуяш бо раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович дар шаҳри Харков, шарқи Украина эълом дошт:

Ӯ гуфт: "Барои Русия як муайяние дар мавриди ҳузури пойгоҳи ҳарбию баҳрии он даркор буд. Ва чунин муайянӣ ба даст омадааст. Мо созишеро имзо кардем, ки бино бар он мӯҳлати ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Украина ба 25 сол тамдид мешавад."

Дар пайи ин Медведев гуфт, нархи гази Русия барои Украина аз 330 доллар барои ҳазор метри мукааб ба 230 доллар поён оварда мешавад. Раисиҷумҳури Украина Янукович низ аз ин созиш ҳамчун як дастоварди беназир дар таърихи равобити дуҷониба истиқбол кард.

Чунин "дастовард" дар давраи раёсати Виктор Юшенко, ки ҳузури низомии Русияро як омили хушунат дар қаламрави Украина медонист, номумкин буд. Аммо ҳукумати нави Украина ба чунин тахфифи нархи гази Русия эҳтиёҷ дошт, зеро акнун хоҳад тавонист, аз рӯи нишондиҳандаи иқтисодӣ ба гирифтани вом аз Сандуқи байнулмилалии пул ҳуқуқ пайдо кунад.

Дар ҳоле ки созиши нав аломати беҳбуди муносибатҳои байни Русия ва Украина дониста мешавад ва Маскав нархи газро дар посух ба талошҳои Киев барои узвият дар НАТО боло бурда буд, мухолифони Янукович ин созишро ҳадафи танқид қарор додаанд.

Сарвазири собиқи Украина, Юлия Тимошенко онро ғайриқонунӣ ва як "хиёнати миллӣ" унвон кард: "Ин иқдоми Янукович нишон медиҳад, ки Украина президент надорад. Ин шахс, ки мансабро бо василаи найранг ба даст овард, ба хотири ҳифзи обрӯи хеш ва дарёфти ҳимояти кишвари дигар омодааст, қонуни асосиро зери по кунад ва манифатҳои миллии Украинаро имрӯз комилан аз байн барад."

Тимошенко гуфт, ҷиноҳи ӯ дар порлумон ҳадаф дорад, бо таҳияи як қатънома барои маҷлиси миллӣ созишномаи идомаи ҳузури ҳарбии Русия дар Украинаро беэътибор эълон кунад.
XS
SM
MD
LG