Пайвандҳои дастрасӣ

Размоишҳои Эрон дар Халиҷи Форс


Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон имрӯз тамринҳои серӯзаашро дар Халиҷи Форс оғоз мекунад. Ноиби фармондеҳи сипоҳ, генерал Ҳусейн Саломӣ ба хабарнигорон гуфт, дар ин размоишҳо, ки ҳадафашон тамрини ҳифзи амният дар Халиҷи Форс, гулӯгоҳи Ҳурмуз ва Халиҷи Уммон аст, нерӯҳои дарёӣ ва ҳавоӣ ширкат хоҳанд кард. Гуфта мешавад, мушакҳо низ дар ин тамринҳо озмоиш мешаванд. Гулӯгоҳи Ҳурмуз аз он лиҳоз муҳим аст, ки наздик ба 40 дарсади нафти минтақа бо киштиҳои нафткаш ба воситаи он аз Халиҷи Форс ба уқёнус бароварда мешавад.
XS
SM
MD
LG