Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса ниқоби исломиро манъ мекунад


Ҳукумати Фаронса дар пайи таҳияи қонунест, ки ниқоби исломиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ хоҳад кард. Сухангӯи ҳукумати Никола Саркозӣ гуфт, тарҳи нав дар моҳи оянда ба вазирон пешниҳод хоҳад шуд. Вай гуфт, бастани ниқоби комил аломати ҷамоаест, ки худро пинҳон медорад ва арзишҳои моро рад мекунад. Аммо, моҳи гузашта Шӯрои давлатӣ, мақоми аршади маъмурии Фаронса Саркозиро ҳушдор додааст, ки беҳтар аст, қонуни имкони боз кардани ниқоби занони мусулмон барои шиносоии онҳо ва ё манъи ниқоб дар корхонаҳои давлатиро пешниҳод кунад.
XS
SM
MD
LG