Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди мухолифини украин аз созиши Маскаву Киев


Аҳзоби мухолифи ҳукумати Украина созиши нави миёни Маскав ва Киев дар робита ба тамдиди ҳузури Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар кишварро хилофи Қонуни асосӣ хонданд. Ба гуфтаи мухолифин, қавонини кишвар ҳузури пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар Украина баъд аз соли 2017-ро манъ кардааст. Эътилофи Юлия Тимошенко тасмим гирифтааст, ки тарҳи қарор алайҳи ин созишро барои баррасӣ ба парлумони кишвар пешниҳод намояд.
Рӯзи чаҳоршанбе раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ва ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар музокирот дар Харков дар бораи баъд аз соли 2017 барои 25 соли дигар тамдид кардани ҳузури Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим ба созиш расиданд.
Сарони ду кишвар ҳамчунин созиш дар бораи содироту воридоти газро имзо карданд, ки тибқи он қимати гази Русия барои Украина коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG