Пайвандҳои дастрасӣ

Муфтии Қирғизистон беному нишон ғайб зад


Раиси Ҷамоаи мусалмонҳои Қирғизистон муфтӣ Муродалӣ Ҳоҷӣ Ҷуман уулӣ чанд рӯз боз беному нишон аст. Муовини ӯ Суюн Ҳоҷӣ Қулиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шояд муфтӣ аз сӯи афроди ношинос рабуда шудааст. Бар асари беному нишон шудани муфтӣ имрӯз нишасти навбатии Шӯрои улумо баргузор нашуд. Қарор аст, ки Шӯрои уламо муфтии навро интихоб кунад.
Аъзои Шӯро гуфтанд, ки Муродалӣ Ҳоҷӣ Ҷуман уулиро бори охир рӯзи 7 апрел, замони задухурд миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ дар Бишкек дида буданд. Ҷуман уулу аз афроди наздик ба раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев маҳсуб мешуд. Вазорати умури дохилаи Қирғизистон гуфт, ки қазияи беному нишон шудани муфтиро тафтиш хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG