Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз 15 000 бемори сил дар Тоҷикистон 800 нафари онҳоро маҳбусон ташкил медиҳанд. Дар зиндонҳои ин кишвар ҳамчунин 40 нафар мубталои ВИЧ ба сар мебарад.

Дар ин бора Баҳром Абдулҳақов, ноиби сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, дар ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи масоили бемориҳои сироятӣ ва истифодаи маводи мухаддир дар зиндонҳо, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Душанбе баргузор шуд, иттилоъ дод.

Дар ин ҳамоиш намояндагони вазоратхонаҳои Тоҷикистон, намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат доштанд.

Баҳром Абдулҳақов, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишро омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар роҳи пешгирӣ ва табобати маризиҳои сироятӣ миёни маҳбусон арзёбӣ кард.

Ҷаноби Абдулҳақов гуфт, 40 дарсади марги зиндониён дар Тоҷикистон ба далели сирояти вируси камбуди масунияти бадан рух медиҳад. Ба қавли ӯ, ахиран теъдоди фавти зиндониён дар натиҷаи табобати саривақтии беморон коҳиш ёфтааст.

Салибан Умар, масъули барномаи мубориза бо Эйч Ай Ви ва бемориҳои силу табларзаи Фонди глобалӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, шароити номусоиди зиндонҳои Тоҷикистон боиси афзоиши бемориҳои СПИД ва сил дар байни маҳбусон мешавад. Ба гуфтаи ӯ, масъулони Фонди глобалӣ танҳо соли гузашта ҳудуди 200 ҳолати мубталои сил шудани маҳбусони тоҷикро сабт кардаанд.

Ҷаноби Саливан Умар афзуд, «дар як ҳуҷра маҳбусони зиёд ба сар мебаранд ва агар дар миёни онҳо нафаре гирифтори сил бошад, ба атрофиёнаш низ сироят мекунад».

Аъзам Мирзоев, ноиби вазири беҳдошти Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, гуфт, дар ҳоли ҳозир дар ҷомеаи Тоҷикистон афзоиши бемориҳои сил ва СПИД ба мушоҳида мерасад. Ӯ мисол овард, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1264 нафар беморони сил сабти ном шудаанд, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам 1020 нафар буд.

Аз соли 1991 то ба имрӯз 2009 нафар гирифторони вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфтаи масъулин, аз ин шумор 178 нафар зиндониён мебошанд. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар маҳбасҳои кишвар ҳудуди 8000 нафар нигоҳ дошта мешавад, ки шумори аъзами онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Баҳром Абдулҳақов, ноиби сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, мегӯяд, шароит дар ин муассисаҳо дар муқоиса бо солҳои навадум то андаозе беҳбуд ёфтааст.

Вай афзуд, тибқи қонунгузории кишвар, зиндониён ба иҷрои коре маҷбур карда намешавад ва танҳо нафароне, ки аз давлат ё шахси алоҳида қарздоранд, кор мекунанд. Одатан онҳо ба корҳои истеҳсолӣ, назири сохтани дару тиреза, рахти хоб, панҷараҳо, сандуқ, хиштрезӣ ва амсоли инҳо ҷалб мешаванд.

Аммо бархе аз коршиносони мустақил мегӯянд, маҳсулоте, ки дар маҳбасҳо истеҳсол мешавад, чандон харидор надорад ва ҳамчунин ҳолат ва таҷҳизоти бисёре аз ин корхонаҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG