Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйҳои сокини Бағдод такроран баршумурда мешавад


Ҳисобу китоби такрории раъйҳои сокинони Бағдод дар интихоботи парлумонии Ироқ ду ҳафтаро дарбар хоҳад гирифт. Дар ин бора имрӯз намояндаи Комиссиюни мустақили интихоботии Ироқ Ҳамдия Ал-Ҳусайнӣ хабар дод ва афзуд, ки барои дастӣ баршумурдани раъйҳо кумитаи вижа таъсис шудааст.
Тасмим дар бораи такроран баршумурдани раъйҳо дар панҷ вилояти Ироқ – натиҷаи пойфишории сарвазир Нурӣ ал-Моликист, ки ҷонибдоронаш дар интихоботи парлумонии рӯзи 7 март баъд аз Эътилофи сарвазири пешин Аёд Алловӣ мақоми дуввумро касб карданд. Ал-Моликӣ мегӯяд, ки ҷонибдорони Алловӣ даст ба тақаллуб задаанд. Ба гуфтаи коршиносон, ҳисобу китоби такрории раъйҳои сокинони Бағдод шояд вазъро тағйир диҳад, зеро вакилон аз пойтахт дар парлумон 68 курсӣ доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG