Пайвандҳои дастрасӣ

Хисороти вулқон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ


Мушкилоти парвоз дар ҳарими ҳавоии Аврупо бар асари ғубор ва хокистари ношӣ аз вулқон ё оташфишон дар Исландия ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дасти кам 1 миллиарду 700 миллион доллар хисорот ворид кардааст. Дар ин бора раиси Анҷумани байнулмилалии нақлиёти ҳавоӣ Ҷованнӣ Бизинянӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, хисороти феълӣ аз баҳое, ки ширкатҳо баъд аз ҳамлаҳои террористӣ ба Амрико 11 сентябри соли 2001 пардохт карда буданд, бештар аст.
Дар аксари кишварҳои Аврупо рӯзи чаҳоршанбе парвози ҳавопаймоҳо аз сар гирифта шуд. Шурӯъ аз рӯзи панҷшанбеи гузашта, ки хокистари вулқон дар Исландия фазои кишварҳои аврупоиро барои парвози ҳавопаймоҳо ғайримумкин гардонд, беш аз 95 ҳазор парвоз лағв карда шуд. То ҳанӯз ҳазорон мусофирон дар фурудгоҳҳо интизори парвози ҳавопаймоҳоянд.
XS
SM
MD
LG