Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди тағйири сохтори ширкати «Барқи Тоҷик»


Бонки Осиёии рушд ва ҳукумати Тоҷикистон ба манзури ворид кардани ислоҳот ва тағйирот дар сохтори дар ширкати "Барқи Тоҷик" музокира анҷом додаанд. Бонки осиёии рушд пешниҳод кардааст, ки ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" ба се ширкати мустақил тақсим ва шакли моликияти он тағйир дода шавад. Гуфта мешавад, ин иқдом бо ҳадафи фароҳам овардани шароит барои сармоягузорони хусусӣ ва омодасозии арсаи энержии кишвар дар фазои иқтисоди бозаргонӣ пиёда мешавад ва таҷдиди сохтории ширкати "Барқи Тоҷик" дар солҳои 2010-2018-ро дар назар дорад. Агар ин барнома амалӣ шавад "Барқи тоҷик" ба се ширкати мустақили тавлидкунанда интиқолдиҳанда ва тақсимкунанда ҷудо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG