Пайвандҳои дастрасӣ

Меъёрҳои парвоз дар шароити оташфишонии вулқонҳо


Созмони байналмилалии ҳавонавардӣ эълом кард, талошҳо барои муқаррар кардани меъёрҳои парвоз дар шароити оташфишонии вулқонҳоро раҳбарӣ хоҳад кард. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки баъди вулқони Исландия ҳанӯз ба худ наомадаанд, аз ин тасмим истиқбол намуданд.

Тӯдаҳои абрҳои хокистарии ин вулқон, ки то Лаҳистону Булғористон ҳам расид, барои тақрибан як ҳафта монеъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои азими аврупоӣ шуд ва миллионҳо нафар ҳам дар нимароҳ банд ё шабашонро дар фурудгоҳ рӯз карданд.

Эъломи Созмони байналмилалии ҳавонавардӣ ба думболи он садо дод, ки кишварҳои аврупоӣ иҷоза доданд, то парвози ҳавопаймоҳо аз қаламравҳои ҳавоиашон аз сар гирифта шавад. Бинобар паҳн шудани тӯдаҳои абрҳои хокистарии вулқони Исландия, бахши зиёди ҳарими ҳавоии Аврупо барои парвоз баста шуд ва парвозҳои дохиливу хориҷӣ баҳам зада шуд.

Реймон Беенҷамин, мудири кулли Созмони байналмилалии ҳавонавардӣ, дар қароргоҳи Созмони Милал эълом кард, ки ин ниҳод, гурӯҳи бузурги намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҳавопаймосозону, ҳукуматҳо ва олимонро ҷамъ меорад, то масъалаи таъйини меъёрҳои парвоз дар шароити олудагии ҳаво бо хокистари вулқонро баррасӣ кунанд.

Ӯ мегӯяд: “Мо қасд дорем, гурӯҳе аз намояндагони арсаи ҳавонавардӣ, ҳавопаймосозӣ, Иттиҳодияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ, ҳукуматҳо ва олимонро гирди ҳам биёрем то ба таҳияи меъёрҳо шурӯъ кунанд”.

Пештар аз ин мутахассисону коршиносон, амалкарди ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо дар расидагӣ ба бӯҳронро интиқод карданд. Созмони байналмилалии ҳавонавардӣ мегӯяд, ҳеҷ меъёре вуҷуд надорад, ки нишон диҳад, ҳадди муайяни хокистари вулқонӣ дар фазо ба муҳаррики ҳавопаймо осеб мерасонад.

Набуди чунин меъёр, сабаби сардаргумии ниҳодҳои миллии нозири амнияти парвозҳо дар Аврупо шуда, онҳоро водор кард, ҳарими ҳавоии худ барои парвозҳоро бубанданд, агарчӣ ба гуфтаи коршиносон чунин зарурате шояд вуҷуд надошт. Мутаваққиф кардани парвози ҳавопаймоҳо аз ҳарими ҳавоии кишварҳои аврупоӣ, арсаи ҳавонавардиро ба қавле ба зону занонд, ки рӯзона тахминан 250 миллион доллар зиёни молӣ медиданд.

Аз ҳоло айбгузориҳо ба якдигар шурӯъ шудааст, аз ҷумла Иттиҳодияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ амалкарди ҳукуматҳои кишварҳои Аврупоро интиқод карда гуфт, онҳо набояд бар асоси фарзия, балки фактҳо амал мекарданд. Ҷованнӣ Бисигнанӣ, мудири иттиҳодияи мазкур, гуфт, ҳукуматҳои Аврупо бидуни арзёбии хатари хокистари вулқон барои парвоз, як бахши бузурги ҳарими ҳавоӣ барои парвози ҳавопаймоҳоро бастанд. Вай гуфт, ҳангоми ин бӯҳрон, “ҳеҷ арзёбиву машварат ва ҳеҷ ҳамоҳангсозиву раҳбарӣ” набудааст.

Иттиҳодияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ қароргоҳаш дар Монреал 190 аъзо ва 9 истгоҳи ташхиси мизони хокистари вулқонӣ дар ихтиёр дорад. Реймон Бенҷамин, мудири кулли Созмони байналмилалии ҳавонавардӣ, мегӯяд, як аз омилҳои аслии мутаввақиф кардани парвозҳо дар ҳарими ҳавоии васеъ танҳо масъалаи масъулият буд.

Ӯ мегӯяд: "Агар шумо аз тавлидкунандаи муҳаррик пурсед, ки “муҳаррики шумо ба чӣ қадар хокистари вулқон тоб меорад” онҳо посух нахоҳанд дод, зеро ин масъалаи масъулият аст. Дар ниҳояти амр ҳама фарди масъулро мепурсанд. Аз ин рӯ касе дар сурати вуҷуди хатар парвоз нахоҳад кард".

Созмони байналмилалии ҳавонавардӣ, ҷадвали замоние барои таҳияи меъёрҳо муайян накардааст ва дар сурати муқаррар кардани ин меъёрҳо масъулияти худи ширкатҳои нозири амнияти ҳавопаймоҳо хоҳад буд, ки ин меъёрҳоро бипазиранд ва ё бар асоси раводиди хеш амал кунанд.

Хокистари вулқон барои ҳавопаймоҳо хатар эҷод мекунад, зеро дар таркибаш моддаҳое дорад, ки дар дохили муҳаррики ҳавопаймо, гудохта мешавад ва кори онҳоро баҳам мезанад. Як чунин ҳодисаи тарснок дар моҳи июни соли 1982 рух дода буд.

Дар он вақт ҳавопаймои Боинг 747 ширкати Бритиш Эйрвейз, ҳангоми парвоз аз Австралия ба Малайзия ба тӯдаи абри хокистари вулқон рӯ ба рӯ шуд ва ҳар чаҳор муҳаррикаш барои 15 дақиқа аз кор монд. Ин ҳавопаймо, бо тамоми суръат ба поён омад ва баъди кам шудани хокистар дар муҳаррикҳояш тавонистанд, дигарбора онҳоро ба кор андозанд.
XS
SM
MD
LG