Пайвандҳои дастрасӣ

Арабистони Саудӣ аз таҳдиди ваҳҳобия нигарон аст


М.Д. Налапат, устоди донишгоҳи Манипали Ҳиндустон

М.Д. Налапат, устоди донишгоҳи Манипали Ҳиндустон

Устоди донишгоҳи Манипали Ҳиндустон М.Д. Налапат мегӯяд, ки имрӯз ваҳҳобия барои Арабистони Саудӣ, ки поягузори ин ҷараёни исломӣ ҳаст, чун таҳдид арзёбӣ мешавад ва раҳбарони он саъй доранд, таъсири ваҳҳобияро коҳиш диҳанд.

М.Д. Налапат дар як шарҳи ахираш менависад: Дини ислом, ки 14 аср пеш дар нимҷазираи Араб арзи ҳастӣ намудааст, то имрӯз тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мардуми Арабистони Саудӣ ва Ховари Миёнаро фаро мегирад.
Ӯ меафзояд: Аз ин ҷост, ки нерӯҳои абарқудрати ҳар давру замон: аз ҷумла Британия дар асри 19 ва ИМА дар асри 20-ум аз дини ислом барои пешбурди ҳадафҳояшон истифода бурдаанд.

Дар асри 18 воизе бо номи Абдулваҳҳоб арзи вуҷуд намуд, ки дар бораи моҳияти ислом дониши чандон амиқе надошт, вале аз он ҷое, ки тарғиботи ӯ дар муқоиса бо тасаввуф нармтар арзёбӣ мешуд, империяи Британия ҷараёни ваҳҳобияро ба мактаби тасаввуф ва пуштибонҳои он, яъне империяи туркҳои усмонӣ муқобил гузошт.

Дар муддати кӯтоҳе бо кӯмаки қавии Британия таълимоти Абдулваҳҳоб тамоми нимҷазираи Арабро фаро гирифт. Сулолаи ҳокими Саудӣ бо истифода аз ин ҷараён Арабистонро муттаҳид кард. Британия ҳам хушҳол буд, ки ваҳҳобия нуфузи суфиёни усмониро аз байн мебарад.

Ба ақидаи Налапат дар саросари дунё назарияи пойдарҳавои тавсеаи дини ислом ба воситаи шамшер паҳн шудааст, вале воқеият ин аст, ки ислом бо эҳтиромаш ба мардуми мусулмоншуда ва ҳифзи ҳуқуқи башар барои қавмҳои мухталифи Ховари Миёна дилкашу ҷозиб будааст.

Донишданди ҳиндӣ хотирнишон мекунад, ки давраи тиллоии ислом аз асри 8 то 15 милодӣ идома ёфтааст ва нишонии асосии он ҳамзистиву ҳамоиши мусулмонону пайравони динҳои дигар аст, ки ҳамроҳ дар тарғибу тавсеаи илму дониш саҳм гирифтаанд.

Ба фикри устоди донишгоҳи Манипал бо пуштибонӣ аз ҷараёни ваҳҳобия дар нимҷазираи Араб Британия манфиати ҳамонрӯзаашро аз ҳар чизи дигар боло гузошт, ки дар ниҳояти амр хато буд.

Ҳамин тариқ аз замони таъсиси Арабистони Саудӣ дар соли 1932 хонаводаи ҳоким ҷараёни ваҳҳобияро ҳамчун гарави ваҳдати қабилаҳои нимҷазираи Араб истифода бурда, барои содир намудани он дар хориҷ аз қаламрави ин мамлакат кӯшише ба харҷ надодаст.

Аммо дар соли 1979 Иттиҳоди Шӯравӣ Афғонистонро ишғол намуд ва ба навиштаи Налапат ҷараёни ваҳҳобия ба назари баъзеҳо метавонист ҳамчун давое дар муқобил тавсеаи коммунизм кор гирифта шавад.

Дар идомаи мақолааш донишманди ҳиндӣ ёдрас мекунад, ки диктатори покистонӣ Зиёулҳақ бо дониши начандон комилаш дар бораи ислом худро пешвои ваҳҳобия медиду вафодороии покистониҳо ба дини исломро ба ҳайси заминаи рушди ин ҷараён истифода бурд.

Дар ин солҳо садҳо ҳазор афғон ва мусулмонони кишварҳои дигар ба муҷоҳидин пайваста, бар зидди урдуи шӯравӣ ҷиҳод эълон карданд. Вале ба қавли Налапат Зиёулҳақ фақат ба ҳамон муҷоҳидоне кумак мекард, ки аз ваҳҳобия пайравӣ намоянд.

Ҳамчунон ба ақидаи Налапат сарпарастони ваҳҳобиён дар кишварҳои ғарбӣ ҳеҷ пешбинӣ намекарданд, ки баъди раҳоии Афғонистон аз таҷовузи шӯравӣ ва фурӯпошии низоми коммунистӣ худи онҳо ба ҳадафи гурӯҳҳои ваҳҳобиён табдил хоҳанд ёфт.

Муаллифи мақола хотирнишон мекунад, ки Арабистони Саудӣ сар аз оғози пайдоиши Толибон, дар миёнаҳои солҳои навадуми асри гузашта ин ҷумбиши ифротгарои афғонро бо ҳар роҳу восита дастгирӣ мекард. Ӯ идома медиҳад, ки кумаку сармояи Арабистон ба Толибон дар ишғоли манотиқи зиёди Афғонистон ёрӣ расондааст.

Ба қавли Налапат, соли 1995 сактаи мағзӣ вазъи саломатии шоҳ Фаҳдро ногувор намуд ва назорати Арабистони Саудӣ ба дасти гурӯҳи мансабдороне афтид, ки аслан аз ӯҳдаи коҳиши таҳдиди ифротгароҳо намебаромаданд.

Ӯ илова мекунад, ки маҳз дар ҳамин давра нуфузи ҷиҳодиҳо дар хадамоти амниятии Покистон ва Толибон то ҳадде афзоиш ёфт, ки онҳо тавонистанд аксари ҷангсолоронро бо пул ба тарафи худ кашида, дар соли 1996 шаҳри Кобулро ҳам ишғол намоянд.

Ба навиштаи Налапат дар давоми чор ҳафтаи аввали ҳукмронии Толибон дар Афғонистон 6000 нафар ва дар байни онҳо собиқ президенти ин кишвар Наҷибуллоҳ ба қатл расонида шуданд, ки аксаран қабл аз марг бо шиканҷаи тоқатфарсо мувоҷеҳ будаанд.

Налапат бар ин назар аст, ки акнун аҳли олам симои воқеии ваҳҳобиёнро ба чашми худ дид. Ӯ меафзояд, Толибон занонро аз хондану кор маҳрум намуда, мардонро ба робот табдил доданд. Дар ҳоле, ки мардуми афғон аз интернет, телефон, китоб ва телевизион маҳрум шуд, баъзе раҳбарони Толибон бо сармояи хадамоти иктишофии хориҷӣ айшу ишрат менамуданд.

Донишманди ҳиндӣ зикр мекунад, ки соли 1998 ба вижа баъди ҳамла ба сафоратҳои ИМА дар кишварҳои африқоии Танзания ва Кения дар байни Толибон ихтилоф ба вуҷуд омад, вале пайравони Усома бин Лодин Толибони ба истилоҳ муътадилро аз сари қудрат дур намуданд.

Ҳол то ҷое расид, ки моҳи сентябри соли 2001-ум даҳшатафканон, ки тибқи маълумоти муфаттишон аксаран шаҳрванди Арабистони Саудӣ буда, дар тамрингоҳҳои террористон дар Афғонистону Покистон машқ кардаанд, бо ҳавопаймоҳои рабудаашон болои шаҳрҳои ИМА ҳамла карданд.

Налапат ин ҳамлаҳоро нуқтаи гардиш номидааст. Ӯ ёдовар мешавад, дар паи ҳамлаҳо Шоҳзода Абдуллоҳ валиаҳди Арабистони Саудӣ дастгирии моли Толибонро канор гузошта, бо ҳукумати зери раҳбарии Ҳомиди Карзай иртибот барқарор намуд. Дар соли 2005-ум шоҳзода Абдуллоҳ шоҳи Арабистони Саудӣ интихоб шуд.

Ба ақидаи Налапат шоҳ Абдуллоҳ саъй дорад, нуфузи ваҳҳобиён дар раҳбарии Арабистони Саудиро коҳиш дода, ислоҳоти иҷтимоӣ аз қабили имкони таҳсилу кори занонро раҳандозӣ намояд.

Устоди донишгоҳи Манипали Ҳиндустон хулоса кардааст, ки яку ним миллиард мусулмони рӯи олам ба мисли хоҳарону бародарони насрониашон таҳаммулпазир мебошанд, вале фазое, ки тарғибгарони ваҳҳобия ба вуҷуд овардаанд, садои миллионҳо мусулмони муътадилро хомӯш мекунад ва аз ин ҷост, шоҳ Абдуллоҳ мехоҳад дар Арабистони Саудӣ муҳити давронитиллоии исломро эҳё намуда, таҳдиди ваҳҳобиёнро аз байн барад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG