Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишҳои эътирозии Ҷалолобод ба хушунат печиданд


Дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, гирдиҳамоиҳои бузург ба бенизомиву хушунат печиданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа, дар шаҳр тақрибан шаш ҳазор ҷонибдорони ҳукумати муваққат ва ду ҳазор пуштибонҳои раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев тахоҳурот карданд. Дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ гирдиҳамомадагон вориди бархурд шуданд ва садои тир ба гӯш мерасид. Дар бораи осебдидагон то ҳол иттилоъе нест.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, волии худхондаи Ҷалолобод Файзулло Раҳмонов ва чанд тан аз ҷонибдоронаш боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG