Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилон шиносномаи биометриро баррасӣ карданд


Дар нишасти имрӯзашон вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун оид ба ворид кардани тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи ҷумҳурӣ барои соли 2010-ро баррасӣ карданд. Котиби матбуотии порлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов мегӯяд, зарурати тағйирот дар буҷа ихтисоси имтиёзҳои андозӣ барои воридоти таҷҳизот ҷиҳати чопи шиносномаҳои биометрӣ будааст. Шиносномаҳои биометрӣ аз 2 моҳи қабл дар Тоҷикистон ҷорӣ шуда, арзиши он 25 доллар барои шаҳрванди то 16-сола, 75 доллар барои шиносномаи оддии хориҷӣ, 100 доллар барои шиносномаи хориҷӣ ва 125 доллар барои шиносномаи дипломатӣ мебошад. Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон лоиқаи мазкурро баррасӣ в аонро мутобиқ ба Сарқонуни кишвар донистааст ва барои баррасӣ ба вакилон пешниҳод намудааст.
XS
SM
MD
LG