Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон тасмими Белорус дар мавриди паноҳгоҳ додан ба Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳурии сарнагуншудаи Қирғизистонро маҳкум кардааст. Ӯ аз мақомоти Белорус хостори истирдоди Боқиев ба Қирғизистон шудааст.

Аммо Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон гуфтааст, раҳбари ин кишвар боқӣ мемонад ва масъулияти ҳаводиси Қирғизистонро низ аз дӯши худ соқит намекунад. Ӯ ин суханонро дар ситоди Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Минск изҳор доштааст.

Қурмонбек Боқиев, ки дар мақари Ҷомеаи кишварҳои мушатаракулманофеъ дар Минск, пойтахти Белорус сӯҳбат мекард, гуфтааст, ки “Ман ҳамчун раиси ҷумҳури Қирғизистон ва кафили Қонуни асосӣ масъулияти ҳаводисе, ки дар кишвар ҷараён дорадро, аз дӯши худ соқит намекунам. Ман омодаам посух бигӯям”.

Раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон хитоб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтааст, ки “ҳукумати гурӯҳи номашрӯъро” эътироф накунанд. Манзури ӯ ҳукумати муваққати Қирғизистон аст, ки идораи умури ин кишварро дар даст дорад.

Шоми дирӯз Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, иқрор кард, ки Боқиев бо аҳли хонаводааш дар Минск ба сар мебарад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбари барканоршудаи Қирғизистон шоми рӯзи душанбе зери ҳимояи кормандони Хадамоти амниятии
Белорус аз Қазоқистон ба Минск омад.

Қурмонбек Боқиев дар пайи ҳаводиси 7 ва 8 -уми апрел дар Бишкек ба ҷануби Қирғизистон рафт ва талош намуд ҳаракати ҷонибдоронашро роҳандозӣ кунад. Аммо баъдтар, дар поёни ҳафтаи гузашта, бо миёнҷигарии Қазоқистон, ки раёсати САҲА-ро бар ӯҳда дорад, аз қаламрави кишвараш берун, ба ҷануби Қазоқистон рафт ва истеъфои худро эълон намуд.

Ҳукумати муваққат иқдоми Белорусро маҳкум кард

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, тасмими Белорусро маҳкум намуд ва аз Минск хостори истирдоди “ҷинояткор Боқиев” ба Бишкек шуд.

Ӯ гуфт, ки агар мақомоти Белорус раисиҷумҳури пешинро истирдод накунанд, Бишкек ба Интерпол муроҷиат хоҳад кард. Ҳукумати муваққати Қирғизистон мегӯяд, ки Боқиев метавонад ба кишвар баргардад ва аммо фақат барои ҷавоб гуфтан барои ҷиноёташ дар додгоҳ.

Муфтии Қирғизистон беному нишон ғайб задааст

Раиси Ҷамоаи мусалмонҳои Қирғизистон, муфтӣ Муродалӣ Ҳоҷӣ Ҷуман уулӣ чанд рӯз боз беному нишон аст. Муовини ӯ Суюн Ҳоҷӣ Қулиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шояд муфтӣ аз сӯи афроди ношинос рабуда шудааст.

Бар асари беному нишон шудани муфтӣ имрӯз нишасти навбатии Шӯрои улумо баргузор нашуд. Қарор аст, ки Шӯрои уламо муфтии навро интихоб кунад.

Аъзои Шӯро гуфтанд, ки Муродалӣ Ҳоҷӣ Ҷуман уулиро бори охир рӯзи 7 апрел, замони задухурд миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ дар Бишкек дида буданд. Ҷуман уулу аз афроди наздик ба раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев маҳсуб мешуд. Вазорати умури дохилаи Қирғизистон гуфт, ки қазияи беному нишон шудани муфтиро тафтиш хоҳад кард.

Мавҷи нооромӣ дар минтақаҳо

Дар ҳамин ҳол вазъ дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, ҳукумати муваққатро нигарон кардааст. Ахиран намоишҳои эътирозии бузург дар маркази ин шаҳр ба бенизомиву хушунат печид. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа, дар шаҳр тақрибан шаш ҳазор ҷонибдорони ҳукумати муваққат ва ду ҳазор пуштибонҳои раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев тазоҳурот карданд.

Дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ гирдиҳамомадагон вориди бархурд шуданд ва садои тир ба гӯш мерасид. Гуфта мешавад, вазъ фақат баъди ба ҳаво тир андохтани нерӯҳои амниятӣ ва суханронии волии вилоят ба ҷамъомадагон ором шуд. Бектур Ҳасанов, ки аз сӯи ҳукумати муваққат волии Ҷалолобод таъин шудааст, ҳама шаҳрвандонро барои якдиливу ҳамкорӣ даъват кард.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мақомот аз ин баъд ба ягон намоиши пуштибонӣ аз Боқиев иҷоза нахоҳанд дод.

Ду рӯз пеш ҷонибдорони раисиҷумҳури пешин бинои ҳукумати вилоятро ғасб ва намояндаи худро волии Ҷалолобод таъин карда буданд. Имрӯз хабар расид, ки волии худхондаи Ҷалолобод Файзулло Раҳмонов ва чанд тан аз ҷонибдоронаш боздошт шудаанд.

Ҳукумати муваққати Қирғизистон талош дорад авзоъ дар канори Бишкекро ҳам таҳти назорати комил қарор диҳад. Шоми сешанбе раҳбари ҳукумати муваққат Роза Отунбоева ба афроди яғмогар ва мухолифини мусаллаҳ ҳушдор дод, ки кормандони полис барои сӯи онҳо оташ кушодан амр гирифтаанд.

Ӯ аз мардум даъват намуд, ки “ором бошанд, дасисаҳоро ошкор ва саркӯб созанд ва бо афроде, ки мехоҳанд суботу ризояти байниқавмиро халалдор кунанд, муқовимат намоянд”.

Авоили ҳамин ҳафта мавзеъҳои атрофи Бишкек, аз ҷумла, деҳаи Майовка ба майдони набард табдил шуд, ки дар он панҷ нафар кушта ва беш аз 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Гурӯҳи бузурги афроди норозӣ талош карданд, ки заминҳои русҳо ва туркҳои месхетии муқими ин деҳаро ғасб намоянд.

Чанд манзилу мошин ба оташ кашида шуд, даҳҳо нафар дастгир шуданд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баъд аз ҳаводиси Маёвка ба вазорати дифоъи кишвараш амр намуд, ки аз русҳои муқими Қирғизистон ҳимоят кунанд.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон пулиси таъиноти махсус дар деҳаи Майовкаи канори Бишкек садҳо нафарро муҳосира кардааст. Рӯзи душанбе дуздон ва эътирозгарон ба хонаҳои рустаборон ва туркҳои месхетии муқими ин деҳа ҳамла карданд.





Тафсилоти бештар:

Боқиев дар меҳмонии Лукашенко дар Минск

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG