Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев ва Янукович дар Харков музокирот мекунанд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои украинаш Виктор Янукович имрӯз дар шаҳри Харков масоили марбут ба содироти гази Русия ба Украина ва ҳузури Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қримро баррасӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки ин панҷумин мулоқоти сарони ду кишвар дар ду моҳи ахир, баъди дар курсии раисиҷумҳури Украина нишасти Виктор Янукович мебошад. Қарор аст сафари расмии Дмитрий Медведев ба Киев нимаи дуввуми моҳи май доир шавад.
Дирӯз сарвазири Русия Владимир Путин ва раиси кобинаи вазирони Украина Николай Азаров дар нишасте дар Маскав баъзе резакориҳои қарордод оид ба содироти гази Русия ба Украинаро ҳамоҳанг карданд.
XS
SM
MD
LG