Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев: "Ман раисиҷумҳури Қирғизистон боқӣ мемонам"


Раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев изҳор намуд, ки раҳбари кишвар боқӣ мемонад ва масъулияти ҳаводиси ахир дар Қирғизистонро дар дӯш дорад. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, Боқиев дар мулоқот бо хабарнигорон дар ситоди Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд дар шаҳри Минск изҳор намуд, ки истеъфои худро қабул надорад. Ба гуфтаи раҳбари барканоршудаи Қирғизистон, “дастаи номниҳод худро ҳукумати эълон карда даст ба бедодгарӣ задааст”. Ӯ афзуд, ки “ман ҳамчун раисиҷумҳур ва кафили Қонуни асосӣ масъулияти ин ҳаводисро бар дӯш дорам”. Боқиев ҳамчунин аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ тақозо намуд, ки аз эътирофи ҳукумати муваққат парҳез кунад.
Шоми дирӯз Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, иқрор кард, ки Боқиев бо аҳли хонаводааш дар Минск ба сар мебарад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбари барканоршудаи Қирғизистон шоми рӯзи душанбе зери ҳимояи кормандони Хадамоти амниятии Белорус аз Қазоқистон ба Минск омад.
XS
SM
MD
LG