Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳамлаи "сартарошидаҳо" ба хориҷиён дар Маскав


Дар шаҳри Маскав шоми гузашта се ҳамла дар пояи адовати қавмиву нажодӣ сурат гирифт. Аз Кумитаи тафтишоти Додситонии кулли Русия ба хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки шоми шанбе афроди ношинос ба донишҷӯён Владимир Самиев ва Долган Микеев корд заданд, ки бар асари он Микеев ба ҳалокат расид ва Самиев бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Дар ҳодисаи дигар як зодаи Осиёи Марказӣ дар даромадгоҳи манзили зисташ кушта шуд. Дар ҷанубу ғарби пойтахти Русия бошад, як сокини арабтабори Маскав мавриди ҳамла қарор гирифт ва табибон вазъи сиҳати ӯро сангин арзёбӣ мекунанд.
Шоҳидон гуфтанд, ки ин ҷиноятҳо аз сӯи сартарошидаҳо ваё скинҳедҳои рус содир шудаанд.
XS
SM
MD
LG