Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоботи Лаҳистон дақиқ шуд


Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Лаҳистон рӯзи 20 июни соли равон доир хоҳад шуд. Дафтари матбуоти парлумони Лаҳистон изҳор намуд, Бронислав Коморовскӣ, ки баъд аз ҳалокати раисиҷумҳур Лех Качинскӣ кафили раёсатҷумҳурист, имрӯз таърихи баргузории интихоботи қабл аз вақти президентиро таъин кард. Ин маъракаи сиёсӣ бар асари ҳалокати раисиҷумҳур Лех Качинскӣ дар суқути ҳавопаймо дар шаҳри Смоленски Русия баргузор мешавад. Дар ин фоҷиа, ки субҳи 10 апрел ба вуқӯъ пайваст, ҳамчунин хонуми раисиҷумҳур, сиёсатмадорону низомиёни воломақом ва донишмандону рӯҳониёни маъруфи Лаҳистон ҳам ҷон бохтанд.
Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки дар интихобот Коморовскӣ, номзад аз Эътилофи марказгарои шаҳрвандии сарвазир Доналд Туск, пирӯз хоҳад шуд. Ҳизби мухолифи Қонун ва адолат, ки ба он Ярослав Качинскӣ, бародари раисиҷумҳури пешин, сарварӣ мекунад, номзади худ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро рӯзи шанбе муайян хоҳад кард. Баъзе аз аъзои ҳизб мегӯянд, ки хостори ширкати Качинскӣ дар интихоботанд ва аммо худи ӯ тасмимашро дар робита ба талоши дарёфти ин мақом эълон накардааст.
XS
SM
MD
LG