Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар 20-уми апрел бар тими меҳмон - «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд.

Ин бозии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бинобар ширкати дастаи «Вахш» дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё пешакӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа барпо гардид. Тақдири бозиро голи капитани дастаи «Вахш» Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 5-уми дидор ҳал кард.



Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, ба бозигарони беҳтарини ин дидор Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Рустам Усмонов (аз дастаи «Вахш»), Александр Франк, капитани дастаи «Энергетик» (писари футболбози маъруфи тоҷик Александр Азимов), ҳамчунин, ба раиси бошгоҳи футболи «Энергетик» Ҳотам Холмуродов тӯҳфаҳо (DVD) тақдим намуд.

Ҳоҷӣ Шамсиддин аз номи мухлисони дастаи «Вахш» ба ҳимоятгар Элайҷо Арие, легионер аз Гана, либоси тоҷикӣ (ҷомаю тоқӣ ва рӯймоли миён) пӯшонд. Воқеъан, мухлисон ба футболбози африқоӣ номи тоҷикӣ «Эраҷ» интихоб намуданд.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», ба радиои Озодӣ гуфт, аъзои даста ба Хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа кӯмаки беғаразона (озуқаворӣ - орду равған, шакар, макарон ва ҳар гуна шириниҳо) расонида, кори хайреро ба ҷо оварданд.

«Вахш» баъди ғалабаи дуввум бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ду зина боло – ба ҷои сеюм баромад.

Ҳоло дар ҷадвал «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 9 имтиёз аз 3 бозӣ дар ҷои аввал мебошад. «Истиқлол»-и Душанбе, ки 2 бозӣ анҷом додааст, бо 6 имтиёз ҷои дуюмро касб кардааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 24-уми апрел

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар»ТадАЗ

3

3

0

0

11-0

9

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

4-2

6

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

3

2

0

1

2-2

6

4.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

2

0

4-2

5

5.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

3

1

1

1

4-2

4

6.

ССКА«Помир» (Душанбе)

3

0

2

1

1-3

2

7.

«Энергетик» (Душанбе)

3

0

1

2

2-4

1

8.

«Хайр» (Ваҳдат)

3

0

1

2

1-6

1

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

3

0

1

2

1-9

1


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) бо 4 гол дар ҷои аввал аст. Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ), Ҷомихон Муҳиддинов («Регар» ТадАЗ) ва Сӯҳроб Эгамбердиев («Парвоз») дуголӣ задаанд.

Даври 4-ум
24-уми апрел (шанбе)
«Истиқлол» - «Хуҷанд»
ССКА «Помир» - «Регар» ТадАЗ
25-уми апрел (якшанбе)
«Равшан» - «Вахш»
«Энергетик» - «Парвоз»

Бинобар ширкати дастаи «Вахш» дар бозиҳои интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар ва дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Тошканд, Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар тақвими бозиҳои сабқати Лигаи олӣ тағйирот ворид кард. Бозиҳои «Истиқлол» – «Вахш» – аз 4-уми май ба 3-юми май, «Энергетик» – «Хайр» – аз 22-юми май ба 20-уми май, «Хуҷанд» – «Регар» ТадАЗ – аз 22-юми май ба 20-уми май, «Истиқлол» – «Равшан» – аз 22-юми май ба 20-уми май ва «Парвоз» – «Вахш» – аз 22-юми май ба 21-уми май гузаронида шуданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG