Пайвандҳои дастрасӣ

Вулқон сабаби шикасти дастаи "Барселона" шуд?


Дастаи итолиёвии "Интер-Милан" рақибаш дастаи "Барселона"-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, дар бозии нимниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо пешсафии қавӣ ба даст овард. Тӯбҳоро Уэcлӣ Шнейдер, Майкон ва Диего Милито ба ҳадаф расонданд. Ин дар ҳолест, ки "Барселона" соли гузашта ғолиби сабқати Лигаи Қаҳрамонҳо буд. Бархе аз шоҳерон мегӯянд, сафари тӯлонии 14-соата бо автобус ба иллати қатъи парвозҳо дар Аврупо сабаби заъфи бозигарони даста шудааст. Парвозҳои зиёде дар Аврупо бо сабаби партови вулқони Исландия ҳанӯз ҳам мамнӯъ мебошанд.
XS
SM
MD
LG