Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов эҳтимоли такрори рӯйдодҳои Қирғизистонро рад кард


Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мегӯяд, такрори рӯйдодҳое, ки ахиран дар Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастанд, дар Узбакистон ғайримумкин аст. Ин нуктаро вай дар нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дар Маскав изҳор дошт ва афзуд, хатари он вуҷуд дорад, ки чунин рӯйдодҳо дар Қирғизистон хосияти доимӣ касб кунанд. Каримов гуфт, ҳеҷ кас дар Узбакистон рӯйдодҳои Қирғизистонро бо ҳаяҷон думбол накардааст ва ба онҳо манфиатдор нест. Раҳбари Узбакистон изофа кард, ки дар кишвараш ситезаҷӯии исломӣ дар ҳоли рушд аст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, вай таҳдиди мазкурро барои решакан кардани озодиҳои динӣ истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG