Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ҳамкориҳои густарда бо Қирғизистон боздоштааст


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев аз мақомоти муваққати Қирғизистон хост, ҳарчӣ зудтар интихобот баргузор кунанд ва ба ҳукумат хислати қонунӣ диҳанд. Дар акси ҳол гуфт, Медведев, Русия омода нест, бо Қирғизистон ҳамкориҳои комили иқтисодиро идома диҳад. Медведев афзуд, бедавлатӣ ва ҳарҷу мраҷ ба манфиати мардуми Қирғизистон нест. Изҳороти Медведев дар поёни мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар Маскав садо дод.
XS
SM
MD
LG